Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛТАТУЛИ

МУЛТАТУЛИ

personМУЛТАТУЛИ (Multaluli) (тахаллус; ном ва фамилия Эдуард Дауэс Дек­кер; 2. 3. 1820, Амстердам —19. 2. 188/, Нидер-Ингелхейм, ҳозира Ингелхейм, Республикаи Федеративии Германия), нависандаи нидерланд. Аз оилаи капитани киштии бозоргонӣ. Аз соли 1838 дар идораи мустамликавии нидерлавдии Ҳиндустон (Индонезия) хизмат кар­дааст. Ҳангоми хизмат дар Ява вазъияти индонезидоро сабук кардани шуда, ба зиддияти сахти амалдорон ва феодалҳои маҳаллй дучор мегардад ва ба истеъфо мебарояд. Солҳои дароз дар шаҳрҳои Нидерланд, Бел­гия, Германия оворагардӣ карда, дар қашшоқӣ ва маҳрумият умр ба cap бурдааст. Фаъолияти адабиашро солҳои 40 cap карда буд. Муаллифи романҳои «Макс Хавелаар…» (1859), «Мактубҳои ошиқона» (1861), асарҳои публисистии «Дар бораи меҳнати озод дар Ҳиндустони нидерландӣ (1862), «Гуфтугӯ бо японҳо» (1862), «Сӯҳбатҳо» (1869), «Ғояҳо» (Н. 1—7, 1862—77) ва ғайра мебошад, ки дар онҳо мустамликадорӣ ва умуман сохти капиталистиро танқид карда­аст. Асарҳои реалистонаи Мултатули ба та- раққиёти адабиёти нидерландӣ, афкори ҷамъиятии Европа, ташаккули ҷаҳонбинии аввалин маорифпарварон ва ҳодимони ҳаракати миллии Индонезия таъсири калон расондаанд.

Адабиёт: Ошис В. В., Мултатулн. Биб­лиографический указатель, Москва. 1971.

Основание:  Избранные произведения, Москва.1949.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …