Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУЛЛО НАСРИДДИН

МУЛЛО НАСРИДДИН

mullo-nasriddin«МУЛЛО НАСРИДДИН», журнали мусаввари ҳафтаинаи ҳаҷвӣ ба за- бони озарӣ. Солҳои 1906—12 дар Тиф­лис аз тарафи Ҷ. Мамедқулизода нашр мешуд. Январи 1913 аз нав барқарор шуда, октябри 1914 нашри он боз қатъ гардид. Журнал ғояҳои Револютсионӣ 1905—07 ва манфиати ҳаракати кор- гарии Закавказияро ифода менамуд ва дар тамоми Шарқи Наздику Ми­ёна паҳн карда мешуд. «Мулло Насриддин» дар инкишофи матбуоти демократӣ таъсири калон расонд. Журнал халқро ба мубориза баҳри озодӣ даъват карда, тартиботи империализм ва зулму истибдодро дар мамлакатҳои Шарқ фош менамуд. Дар саҳифаҳои «Мулло Насриддин» тартиботи мустабидонаи

аморати Бухоро ва уламои ҷоҳил ба зери тозиёнаи танқид гирифта мешуданд. Аз ин рӯ журнал дар байни зиёиёни тараққипарвари тоҷик низ эътибор дошт. Дар давраи советӣ (солҳои 1917, 1921—31) барои решакан намудани урфу одатҳои кӯҳна ва аз юғи мустамликадорӣ озод кардани мамлакатҳои Осиё ва Африка мубориза мебурд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …