Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ БА НОМИ ҶАВОҲИРЛОЛ НЕҲРӮ

МУКОФОТИ БА НОМИ ҶАВОҲИРЛОЛ НЕҲРӮ

mukofotМУКОФОТИ БА НОМИ ҶАВОҲИРЛОЛ НЕҲРӮ, яке аз шаклҳои ҳавасмандгардонӣ барои саҳми барҷаста дар роҳи пойдоргардонии му- носибатҳои дӯстонаи байни халқхо ва ҳамфикрии байналхалқӣ. Барои абадӣ гардонидани номи аввалин сарвазири республикаи Ҳиндустон, ҳодими барҷастаи давлатӣ, муборизи роҳи сулҳ ва дӯстии халқҳо Ҷавоҳирлол Неҳрӯ соли 1966 аз тарафи ҳукумати Ҳиндустон таъсис карда шудааст. Лауреати аввалин соли 1966 Котиби генералии ТДМ У. Тан гардид.

Соли 1967 ба муносибати 20-солагии робитаҳои дипломатии Ҳиндустон ва Иттифоқи Советӣ ҳукумати Ҳиндустон барои шоирон, нависандагон, ҳодимони илму санъат ва журналистон, ки бо фаъолияти худ ба мустаҳкамшавии минбаъдаи дӯстии ҳалқҳои Иттифоқи Советӣ ва Ҳиндустон мадад мекунанд, 8 мукофот(2 мукофоти якум, 2 мукофоти дуюм, 4 мукофоти сеюм) муқаррар кард. Раиси фахрии комитети Мукофот сарвазири Ҳиндустон буда, аз рӯи анъана ӯ ба лауреатҳо диплому медалҳои хотиравӣ месупорад. Яке аз аввалин лауреатҳои Мукофот Шоири Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Мирзо Турсунзода буд (1967). Соли 1968 Мукофот ба директори институти халқҳои Осиё ва Африкаи Академияи Фанҳои  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР академик Бобоҷон Ғафуров дода шуд. Ба гирифтани номи лауреати Мукофот шахсони зерни сазовор гашта­анд:

1967 – Н.С. Тихонов (нависандан рус), Зулфия Исроилова—(шоираи ӯзбек), С.’А. Чуйков (рассоми рус), Б. П. Челышев (доктори илм, ҳиндушинос), С. И. Тюляев (доктори илми санъатшиносии советӣ), Л. В. Шапошникова (олими рус), О. П. Бенюх (муҳаррири журнали «Sovi­et Land» — «Мамлакати советҳо»).

1968— В. К. Реймерис (шоири литвонй), А. И. Шифман (корманди музей Л. Н. Толстой, шаҳри Москва), Д. А. Налбандян (рассоми советӣ), И. Р. Гусева (коркуни илмии Институти этнографияи Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР), Е. В. Ву­четич (ҳайкалтароши советӣ), «Sovi­et Land» (журнали советй, ки дар Ҳиндустон нашр мешавад).

1969—А. Т. Олимҷонов (нависандаи қазоқ), М. Абдуллоев (рассоми ӯзбек), С. А. Баласанян (бастакори советӣ), Б. В. Балабушевич (ҳиндушиноси советӣ), Н. В. Данилова (балетмейстри советӣ), 3. М. Димшис, О. Г. Улсиферов, В. И. Горюнов (муаллифони китоби дарсӣ), Э. Б. Межелайтис (шоири литвонӣ).

1970—71 — И. В. Абашидзе (шои­ри гурҷй, академик), В. И. Аралова (рассоми украинӣ), Ш. М. Мшвелидзе (бастакори гурҷӣ), А. А. Короская (меъмори рус), А. А. Миронова (рассоми рус), М. А. Асламазян (рассоми арманӣ), М. А. Ашрафӣ (бастакори ӯзбек), В. А. Махотин (журналисти советӣ), Н. А. Понома­рёв (рассоми халқии Республмкаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия).

1972—73 — П. И. Бондаренко (ҳайкалтароши советӣ), И. С. Глазунова (рассоми советӣ), В. И. Калянова (санъатшинос), О. Суслов (ҷониши­ни сармуҳаppupu журнали «Совет­ская женщина»).

1974 — И. Б. Тито (президенти РФСЮ).

1976 — И. Д. Серебряков (олими ҳиндушиноси советӣ).

1937 — И. А. Бенедиктов (сафири Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР), М. А. Иброҳимов (нависан­даи халқии озар), Р. Миронас (ҳиндушиноси литвонӣ, баъди вафот), Театри драмавии ба номи Ҳамза Ҳакимзодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон, А. В. Мака­ренко, саринженери сехи пӯлодгудозии Бхилой (ҳоло дар Днепродзер­жинск кор мекунад).

1980 — М. С. Осимӣ (Президеити Академияи Фанҳои  Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон).

Соли 1964 идораи дар Ҳиндустон бу­даи журнали советии «Soviet Land* ки ба забонҳои гуногуни ин мамлакат нашр мешавад, бо мақсади мустаҳкам намудан ва ривоҷ додани муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои советӣ ва ҳинд низ Мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ таъсис дод. Ин мукофот ҳар сол 14 ноябр дар рӯзи таваллуди аввалин сарва­зири республикаи Ҳиндустон Ҷ. Неҳру барои беҳтарин асардҳои адабӣ, публисисти, инчунин тарҷумаҳои беҳтарин асарҳҳи нависандагни советӣ ба забонҳои Ҳиндустон дода мешавад.

Й. Шерматов, М. Холов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …