Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУХТАСАРИ «ВИҚОЯ»

МУХТАСАРИ «ВИҚОЯ»

madrasaМУХТАСАРИ «ВИҚОЯ» китоби дарсии мадрасаҳои асрҳои миёна. Дар асри 11 фақеҳи Осиёи Миёна Бурҳонуддин Алӣ ибни Абӯбакр ибни Абдулҷалили Фарғонӣ (вафот 1197) дар бораи муҳимтарин қонуну қоидаҳои мазҳаби ҳанафии дини ислом дар асоси асарҳои Қудурӣ (вафот 1037) «Мухтасар» ва Шайбонӣ (вафот 804) «Ал-ҷомеъ-ус-сағир» бо номи «Ҳидоят» (роҳ ба сӯи ҳақиқат) ба забони арабӣ асаре навишт, ки дар мадрасаҳои Осиёи Миёна аз китобҳои дарсии зарурӣ ба шумор мерафт. Бисёр муаллифон ба ин асар шарҳҳо навишта, мазмуни онро дар китобҳои ҷудогона мухтасар баён кардаанд. Аз ҷумла дар охири асри 14 Бурҳонуддин Маҳмуди Маҳбубӣ онро мухтасар карда, «Ал-Виқоя» ном гузоштааст. «Ал-Виқоя», дар навбати худ, боиси ба вуҷуд омадани чандин шарҳу эзоҳҳо гардидааст. Яке аз чунин китобҳо «Мухтасари Виқоя» аст, ки ба қалами Убайдуллох ибни Масъуд (набераи муаллифи «Ал-Виқоя» Бурҳонуддин Маҳмуд) тааллуқ дорад ва ба ин асар низ чандин бор шарҳ навиштаанд.

«Мухтасари «Виқоя» дар мавзӯъҳои никоҳ, талоқ, ширхорагӣ, дар бораи озод кардани банда, имон, дӯстӣ ва амсоли инҳо маълумот медиҳад, ки онҳоро донистани қар толибилм шарти зарурӣ ба шумор мерафт. «Мухтасари «Виқоя» бештар ба тарбияи динӣ аҳамият медод ва манфиати аъёну ашрофро ҳимоя мекард.

Н. Махсумов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …