Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳорибаи Грюнвалд

Муҳорибаи Грюнвалд

Муҳорибаи ҳалкунандаи “Ҷанги Бузург”-и солҳои 1409 -1411, ки дар он  15 июл қӯшунҳои полякҳо, литвониҳо ва русҳо қӯшунҳои Ордени Тевтонро торумор карданд. 3 июл армияи иттифоқчиён дар таҳти фармондеҳии шоҳи Полша Владислави II Ягелло (Ягайло), аз райони ЧЧервинск ба самти  Мариенбург (Малборк) раҳсипор шуда, дар райони Грюнвалд бо қувваҳои асосии орден таҳти фармондеҳии магистри кабир Улрих фон Юнгинген рӯ ба рӯ шуд. Қӯшунҳои орден (27 ҳазор) аз рытсарҳои немис, франсавӣ ва отрядҳои поляку литвонӣ ва русҳо (аз ҷумла, украинҳо ва белорусҳо), валашу чех, мораву венгерҳо ва тоторҳо ташкил мекарданд.  Дар натиҷаи мардонагии қӯшунҳо ва санъати баланди лашкаркашии Янгелло Ордени Тевтон ба ҳалокат дучор гардид ва пеши таҷовузи он ба Шарқ гирифта шуд. Соли 1960 дар маҳали Муҳорибаи Грюнвалд ҳайкали ёдгорӣ гузошта шуд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …