Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Муҳоҷиробод

Муҳоҷиробод

Деҳаест дар Совети қишлоқ, райони Фархор, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози, ба номи М. И. Калинин. Аз Муҳоҷиробод то маркази Советӣ қишлоқ 10 км, то район 7 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 860 нафар (1981), тоҷикон. Муҳоҷиробод мактаби миёна, 2 китобхона, 2 клуб, шӯъбаи алоқа, пункти тиббӣ, боғчаи бачаҳо, нуқтаҳои хизмати маиши, фермаи паррандапарварӣ, магазин ва нонвойхона дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — пахтакорию ғаллакори, чорво ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Сокинони деҳа аз оби пармачоҳҳо истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …