Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Муҳоҷирати азими халқҳо

Муҳоҷирати азими халқҳо

Номи шартии муҳоҷирати умумии этникӣ дар Эвропа (асрҳои 4-7),хусусан аз муҳофизатҳои империяи Рим ба маркази он. Ҳуҷуми қабилаҳои германиҳо, сарматҳо ва ғайраҳо ба Рим, ки дар асрҳои 1м. дар ноҳияҳои атрофи империяи Рим маскан гирифта буданд, охири асри 4 баро мамлакат фоҷиаи калон гардид. Ба он тараққиёти муносибатҳои иҷтимоӣ дар дохилӣ қабилаҳои бар барӣ (парокандашавии сохти авлодӣ ва саршавии просесси ташаккул ёфтани ҷамъияти синфӣ) ва шароити вазнини дохили империяи Рим сабаб шуданд. Ин ду омил дар асрҳои 4-7 просесси муҳоҷирати халқҳоро хеле тезонд. Муҳоҷирати гуннҳо ба Ғарб барои Муҳоҷирати азими халқҳо такони наве гардид: онҳо тақрибан соли 370 аз Волга гузаштанд ва бо аланҳо ба готҳои соҳили шимоли баҳри Сиёҳ (375) ҳамла оварданд. Тирамоҳи 376 як қисми вестготҳое, ки аз тарафи гуннҳо танг карда шуданд, дар ҳудуди империяи (ҷануби Дунай) маскан гирифтанд. Аз тарафи мансабдорон маҳдуд карда шудани ҳуқуқҳои вестготҳо соли 377 боиси сар задани шӯриш гашт, ки ба он ғуломони гуреза, деҳқотон ва коргарони кони Фракия ҳамроҳ шуданд; 9 августи 378 шӯришгарон қӯшуни Римро дар назди Адрианопол пурра торумор карданд. Ҳуҷуми готҳо, аланҳо ва гуннҳо ба империя боздошта шуд ва армияи Рим аз ҳисоби барбариҳо афзуд. Аз охири асри 4 ҳуҷуми барабриҳо боз сар шуда, зимистони 394-395 гуннҳо ба Сурия ва Каппадокия ҳуҷум оварданд. Вестготҳо бо сардории Аларихи I юнонро ғорат карда, дар Иллирик ҷойгир шудааст. 24 августи 410 онҳо Римро истило ва талаву тороҷ намуданд. Ҳарчанд готҳо 27 августи ҳамон сол аз Рим рафтанд, вале заволи Рим аҳамияти калони маънавӣ дошт. Қабилаҳои германиҳо асри 5 ба тамоми ҳудуди Империяи Ғарбии Рим паҳн шуда, дар он ҷо якчанд шоҳии барбариҳоро ташкил намуданд: шоҳии вестготҳо дар ҷанубу ҳарбии Галлия (марказаш Тулуза), вандалҳо дар Африкаи Шимолӣ (429-439), остготҳо дар Италия (493), франкҳо дар Галлияи Шимолӣ, бургундҳо дар ҷанубу шарқии Галия (марказаш Лион, тақрибан 457); англҳо, саксҳо, ютҳо миёнаи асри 5 ба забти Британия шурӯъ карда, асрҳои 6-7 дар ин ҷо як қатор шоҳии худро асос гузоштанд. Гуннҳо аввали асри 5 дар Дунаи Миёна ҷрйгир шуда, дар давраи ҳукумронии Аттила (434-453) кӯшиш намуданд, ки Галлия ва Италияро забт кунанд, вале дар дашти Каталаун торумор гаштанд (451) ва иттифоқи онҳо барҳам хӯрд. Дар аҳди Юстиниани I Империяи Рим (Византия) аз барбариҳо Африкаи Шимолӣ, Италия, як қисми Испанияро баргардонда гирифт ва дар он ҷо тартиботи Римро қисман ҷорӣ намуд. Муҳоҷирати азими халқҳо    дар асрҳои 6-7 поён ёфт. Соли 568 лингобардҳо дар италияи Шимолӣ ва Миёна мустаҳкам шуданд. Славянҳо, ки онҳоро баъзан аварҳо ва халқҳои ба булғорҳо наздик ҳимоя мекарданд, дар нимҷазира Балкан ҷрйгир шудан гирифтанд; асри 7 қариб дар ҳамаи нимҷазираҳо қабилаҳои славянӣ маскан гирифта, князии худ Славяния (дар Пелопоннес, Мақдуния) , Иттифоқи ҳафт қабилаи славянӣ, давлвти славяну булғорро ташкил доданд; қисми славянҳо дар ҳудуди империяи Византия (Осиёи Хурд) маскун шуданд. Муҳоҷирати азими халқҳо   оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии калон дошт. Вай боиси таназзули соти ғуломдорӣ ва шикасти системаи давлатдории Рим (дар Империяи Ғарбии Рим) гардид. Дар қисми зиёди шимоли баҳри Миёназамин заминдории озод ҷорӣ гашт, истеҳсолоти майда мулкҳои калони заминдоронро танг карда бароварда, боиси пойдор шуданисохти феодалӣ гардид.  Муҳоҷирати азими халқҳо  инчунин дар ташаккули халқҳои романию германӣ ва славянҳо роли калон бозид. Дар илми таърихшиносии советӣ ақидае ҳаст, ки мувофиқи он таъсири байниҳамдигарии қабилаҳои романию германӣ ва инчунин византию славянӣ манбаи ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ гардидааст.

Ад.: Удалтсова З. В., Италия и Византия в VI  в., 1959.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …