Маълумоти охирин

МУҲИТ

muhitМУҲИТ (ар. — иҳотакунанда), дар биология, маҷмӯи шароитҳои ғайриорганикӣ (абиотӣ) ва органикии (биотин) зисти ҳайвонот, растаниҳо, микроорганизмҳои гуногун. Шароитҳои абнотӣ аз омилҳои химиявӣ (таркиби ҳаво, об, хок ва ғайра), фи­зикӣ ё иқлимӣ (ҳарорат, фишори барометрӣ, ҷараён, заминаи радиатсионӣ ва ғайра) иборатанд. Омилҳол биотӣ маҷмӯи таъсироте мебошанд, ки организмҳои дигар ба организмҳои тадқиқшаванда (растанӣ, ҳайвон) ва ғайра мерасонанд. Чунончи, организмҳои ғайр барои объекти тадқиқшаванда манбаи ғизо, муҳити зист (масалан, ор­ганизме, ки дар он паразитҳо ҷон гирифтаанд), воситаи афзоиш (гардолудшавии растаниҳо бо ёрии ҳашарот) ва паҳншавӣ шуда метавонанд. Ҳамин тариқ омилҳои биотии Муҳит дар шакли таъсири мутанобили организмҳои як биотсеноз зоҳир мегарданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …