Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХИНА Вера Игнатевна

МУХИНА Вера Игнатевна

muhina-vera-ignatevnaМУХИНА Вера Игнатевна (1.7. 1889, Рига — 6.10.1953, Москва), ҳай-калтароши советӣ, Рассоми Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1943), аъзои ҳақиқии Академияи Рассомии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ (1947). Дар Москва (1909-12) ва Париж (1912-14) таълим гирифтааст. Асарҳои аввалинаш таҳти таъсири кубизм офарида шудаанд. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр Мухина дар кори ба амал баровардани плани ленинии пропагандаи монументалӣ фаъолона иштирок карда, охири солҳои 20 ва 30 принсипи реализми сотсиалисти эҷодиёти Мухинаро пурра фаро мегирад. Ҳайкали 24-метраи «Коргар ва колхозчизан», ки барои Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ дар Париж (соли 1937) офарид (ҳоло дар даромадгоҳи шимолии ВКХХ-и Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дар Москва; пӯлоди зангназананда, 1935— 37; Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1941), асари барҷастаи реализми сотсиалистӣ, рамзи ҷамъияти нави советӣ ме-бошад. Инчунин, ҳайкали ёдгории Максим Горкий, ки рӯҳи романтикӣ-революсионӣ дорад (дар ҳамкорӣ бо меъморон В. В. Лебедев, П. П. Штеллер, биринҷӣ, хоро, 1938—39; шаҳри Горкий) ва муҷассамаи ороиши «Нон» (би-ринҷӣ, 1939; Нигористони Третяков), ки зебоии ҷисмонӣ ва маънавии инсонро тараннум мекунанд, низ асарҳои беҳтарини ин давраанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мухина асосан ҳайкалҳои портретӣ офарида, симои ҷан-говарони советӣ («Партизандухтар», гач, 1942, Музеи муттаҳидаи респуб-ликавии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирӣ, Душанбе; «Б. А. Юсупов» ва «И. Л. Хижняк», дар ду— гач, 1942, Нигористони Третяков; Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1943) ва ҳодимони илму маданиятро («Ҷарроҳ Н. Н. Бурденко», гач, 1943 ва биринҷӣ, 1947; «Академик А. Н. Крылов», чуб, 1945; дар ду Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1946; Нигористони Третяков) реаливу мукаммал тасвир мекунад.

В. Н. Мухина, «Коргар ва колхозчизан», 1935—37.

Дар солҳои баъди ҷанг Мухина боз ба ҳайкалҳои монументалӣ рӯй оварда, дар асоси лоиҳаи И. Д. Шадр ҳайкали ёдгории Алексей Максимович Горкий (дар Москва, дар ҳамкорӣ бо Н. Г. Зеленская ва 3. Г. Иванова, меъмор 3. М. Розенфельд; биринҷӣ, хоро, 1951; Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1952), композисияи мураккабсохти «Сулҳ мехоҳем!» (дар ҳамкорӣ бо Н. Г. Зеленская, 3. Г. Иванова ва дигар, гач, 1950, Музеи Рус, Ленинград; Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1951), ҳайкали ёдгории П. И. Чайковский (дар Москва, дар ҳамкорӣ бо И. Г. Зеленская ва 3. Г. Иванова, меъмор А. А. Заварзин; биринҷӣ, хоро, 1945—49, 1954) ва ғайраро офарид.

Соли 1979 90-солагии Мухина ботантана қайд карда шуд. Бо 2 ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …