Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ ТРАКТОР

МУҲАРРИКИ ТРАКТОР

muhariki-traktorМУҲАРРИКИ ТРАКТОР барои тракторҳо муҳаррики дарунсӯз истифода мешаванд. Тракторҳое, ки корхонаҳои тракторсозии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР истеҳсол мекунанд, асосан бо дизелҳои чортакта кор мекунанд. Иқтидори Муҳаррики трактор тавассути класси кашиш (нигаред Трактор) муайян карда мешавад ва ҳангоми ба 800—2500 гард/ дақиқа баробар будани басомади чархзании зонунавард ба 14,8—368 килоВат (20—500 қоэффисиенти амалӣ) баробар аст. Дизелҳои чор — ва шаш силиндраи бо об хунукшаванда маъмуланд; дизелҳои бо ҳаво хунукшдвандаи иқтидорашон то 74 килоВат (240 қоэффисиенти амалӣ) низ истифода машаванд. Силиндрҳои дизелҳои иқтидорашон аз 147 килоВат(200 қоэффисиенти амалӣ) зиёдро дар шакли V ҷойгир кардан мумкин. Муҳаррики трактории дизели сӯзишвориро нисбатан ба дигар муҳаррикҳо камтар сарф мекунанд ва боэътимоду мустаҳкам (то таъмири капитали 5000 с кор карда метавонанд) мебошанд. Дар хориҷа баъзан ба тракторҳо дизелҳои дутакта ва муҳаррикҳои дарунсӯзи карбюраторӣ мешинонанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …