Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ РЕАКТИВӢ

МУҲАРРИКИ РЕАКТИВӢ

muhariki-reaktiviМУҲАРРИКИ РЕАКТИВӢ, муҳаррикест, ки қувваи кашишро дар на-тиҷаи ба энергияи кинетикии ҷараёни реактивии ҷисми корӣ табдил ёфтани ягон намуди энергия (химиявӣ, электрӣ, ядроӣ ва ғайра) ба вуҷуд меорад; ҳангоми аз соплои муҳаррик бо шаст берун шудани ҷисми кори қувваи реактивӣ (ақибзанӣ) -е пайдо мешавад, ки муҳаррик ва аппаратура  ба он насбшударо ба муқобили самти ҷараёни реактивӣ тела медиҳад. Дар вақти корӣ Муҳаррики реактивӣ энергияи химиявии моддаҳои сӯзанда ба энергияи гармии маҳсулоти сӯзиш, энергияи гармии газҳои тафсон бошад, ба энергияи механикии ҳаракати пешравандаи ҷараёни реактивӣ (ва аз ин рӯ, ба энергияи худи аппарате, ки Муҳаррики реактивӣ дар он гузошта шудааст) табдил меёбад. Қисми асосии ҳаргуна Муҳаррики реактивӣ камераи сӯзиш мебошад, ки дар он ҷисми корӣ ҳосил мешавад. Қисмси ақиби камера, ки барои тезонда-ни ҷисми корӣ ва ҳосил кардани ҷараёни реактивӣ хизмат мекунад, соплои реактивӣ ном дорад. Вобаста ба он, ки ҳангоми кори Муҳаррики реактивӣ муҳити беруна истифода мешавад ё не, онҳоро ба ду гурӯҳ чудо мекунанд; муҳаррикҳои ҳавоии реактивӣ (МҲР) ва муҳаррикҳои ракетӣ (МР). Муҳаррикҳои ҳавоии реактивӣ МҲР дар вақти кор ҳавои атмосфераро истифода мебаранд ва массаи асосии ҷисми кории онҳоро ҳавои атмосфера ташкил медиҳад. Ҳамаи компонентҳои ҷисми кории муҳаррикҳои ракетӣ МР бошад, дар борти аппарате ҷой мегирад, ки бо ин муҳаррикҳои ракетӣ МР ҷиҳозонида шудааст. Маҳз аз ин рӯ аст, ки муҳаррикҳои ракетӣ МР фақат дар аппаратҳои кайҳонӣ истифода мешавад (нигаред Муҳаррики ракетӣ, Муҳаррики турбореактивӣ, Муҳаррики турборакетӣ ва ғайра).

А. Ҳоҷиев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …