Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҲАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРҚАНДИ

МУҲАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРҚАНДИ

nophotoМУҲАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРҚАНДИ

(соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1197, Са­марқанд), ҳуқуқшиноси форс-тоҷик. Доир ба ҷараёни зиндагиаш маълумотҳо каманд. Сарчашмаҳои дастрас хабар медиҳанд, ки давраи бачагии Муҳаммад дар Самарқанд гузаштааст. Сипас дар Бухоро таҳсил мекунад. Аксар илмҳои расмии замонашро аз бар намуда, хеле машҳур мегардад ва ҳамчун яке аз намояндагони маданияту маърифати Осиёи Миёна ва Хуросон шинохта мешаванд. Баъзан ба Муҳаммад нисбати Самарқандӣ, Бухороӣ, Шарқӣ, Қумӣ ҳам медиҳанд, зеро дар ин ҷойҳо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мероси илмии Муҳаммад аз «Шаръат-ул-ислом ило дор-ус-салом» («Дине, ки ба хонаи (ҷаннат) саломатӣ мебарад») ба забони арабӣ (соли таълифаш маълум нест) ва «Ҳидоя» иборат аст. Ин асарҳо масъалаҳои мухталифи дину шариат, қонуну қоидаҳои зиндагӣ, оиладорӣ, муносибат дар оила, муносибати фарзандон ба аҳли байт ва падару модар, худидоракунӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Сарфи назар аз характери динӣ ва синфӣ доштанаш мероси Муҳаммад барои таҳқиқу тадқиқ ва равшан намудани баъзе масъалаҳои таърихи қонуншиносии илмии тоҷик аз аҳамият холӣ нест. Асарҳои Муҳаммад дар захираи дастнависҳои Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон (рақ. 2459/1, 3735/1, 5588, 4803 (IV) маҳфузанд.

Ад.: Абдуллоев И.. Ҳикматул л о е в Самарқанд олимлар, Тошкент. 1069, саҳ, 36.

У. Назиров

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …