Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАЛЛАДИ ГУРГОНӢ

МУХАЛЛАДИ ГУРГОНӢ

personМУХАЛЛАДИ ГУРГОНӢ Абушариф Аҳмад ибни Алӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 11 форс-тоҷик. Дар «Лубоб-ул-ал боб»-и Авфӣ, «Тарҷумон-ул-балоға»-и Родуёнӣ, «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ ва «Чаҳор мақола»-и Низомии Арузии Самарқандӣ доир ба ин шоир маълумоти мухтасаре омада, порчаҳои шеърие аз эҷодиёташ ба таври намуна сабт гардидааст. Оид ба тарҷумаи ҳолаш маълумоте дастрас нест. Дар манбаъхои мазкур исми Мухаллади Гургонӣ ба шаклҳои «Муҷалладӣ», «Абӯшарифи Муҷалладӣ», «Шарифи Муҷалладӣ» вомехӯрад, ки ин ҳол ба сабаби шабеҳи қам будани калимаҳои «Мухаллад* ва «Муҷаллад» дар алифбои араби рӯй додааст. Аз Мухаллади Гургонӣ абёти парокандае аз қасоид, ғазалиёт ва қитъаҳо боқӣ мондааст. Ашъори Мухаллади Гургонӣ дар мавзӯъҳои пандуахлоқӣ суруда шудааст. Аз қасоидаш, зоҳиран, қисматҳои ташбиб боқӣ мондааст, ки васфи табиату боғу баҳор ва тасвири рӯю мӯи маъшуқаро дар бар мегиранд. Дар порчаи зерин Мухаллади  Гургонӣ ба адабиёту санъати асри 10 ва намояндан бузурги он Рӯдакӣ, инчунин мутриби асри Сосониён—Борбад баҳои баланд додааст:

Аз он чандон наими инҷаҳонӣ,

Ки монд аз оли Сосон в-оли Сомон

Санои Рӯдакӣ мондасту мидҳат,

Навои Борбад мондасту Дастон.

Ба Мухаллади Гургонӣ маснавии пандухлоқие дар вазни мутақориб — «Пандномаи Анӯшервон» нисбат дода мешавад. M. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …