Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҒҶА

МУҒҶА

erifilliumМУҒҶА, п у н б а к, куртак, шакли метаморфози (шаклдигаркарда)-и навда, ки байни бандҳояш кӯтоҳ шудааст. Муғҷа нашвӣ (барг ҳосилкунанда) ва генеративӣ (барг, гултӯда ва гулҳосилкунанда) мешавад. Муғҷаеро, ки як гули ношукуфта дорад, ғ у н ч а меноманд. Аз рӯи дар шохча ҷойгиршавӣ Муғҷа болоӣ (аз он навда ба дарозй месабзад) ва паҳлуӣ (аз он навда шох меронад) мешавад.

Дар бештари растаниҳои тухмдор Муғҷаҳои паҳлуй дар бағали баргҳо ҷой мегиранд; онҳоро Муғҷаҳои б а ғ а л ӣ мегӯянд. Муғҷаҳои и л о в а г ӣ берун аз бағали барг (масалан., дар растаниҳои дараҷаи олии спорадор) ташаккул меёбанд. Аксари дарахту буттаҳо ва гиёҳҳои бисёрсола Муғҷаи п ӯ ш и д а доранд (бо пулакчаҳо пӯшида шудааст). Муғҷаҳои кушод (бепулакча) бештар дар дарахтҳои ҷангалзори сернами тропикӣ ва растаниҳои сармобардори минтақаҳои мӯътадил мушоҳида мешаванд. Муғҷаҳое, ки суст месабзанд, Муғҷаҳои ором ном доранд; онҳо бештар ба дарахту буттаҳои ороиши хосанд. Дар бағали баргу хушагул, ҳатто дар худи барг (ориофиллюм)-и баъзе растниҳо (растаниҳои зиндазо) Mуғҷаҳои с а б з и д а инкишоф меёбанд, ки онҳо аз растании модарӣ ҷудо шуда, мустақилона рушд мекунанд. Дар боғдорӣ ҳангоми бо роҳи пайванд афзоишкунонидани растаниҳо аз қисми пояе ис-тифода мебаранд, ки Муғҷаҳои ором «чашмак» дорад.

Навъҳои муғҷа: 1— муғҷаҳои пӯшидаи осина (а — нашвӣ ва б — гулдор); 2 — муғҷаҳои кушодашудаистодаи ёс; 3 — муғҷаи кушодашудаистодаи чемерица; 4 — пулакчаҳои муғҷаи фундук; 5—муғҷаи кушода дар болои навдаи лодан; 6— нақшаи муғҷаи болоӣ дар шохчаи себарга.

Аломатҳои ирсии растаниҳо — сохти муғчаҳо (дутарафа ҷойгиршавии баргҳо дар Муғҷаҳои) ва сохти баргҳо (навъи навдаи дар як барг) дар сис-тематикаи растаниҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …