Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУГЧА

МУГЧА

erifilliumМУГЧА, п у н б а к, куртак, шакли метаморфози (шаклдигаркарда)-и навда, ки байни бандхояш кутох шудааст. Мугча нашви (барг хосилкунанда) ва генеративи (барг, гултуда ва гулхосилкунанда) мешавад. Мугчаеро, ки як гули ношукуфта дорад, г у н ч а меноманд. Аз руи дар шохча чойгиршави Мугча болои (аз он навда ба дарозй месабзад) ва пахлуи (аз он навда шох меронад) мешавад.

Дар бештари растанихои тухмдор Мугчахои пахлуй дар багали баргхо чой мегиранд; онхоро Мугчахои б а г а л и мегуянд. Мугчахои и л о в а г и берун аз багали барг (масалан., дар растанихои дарачаи олии спорадор) ташаккул меёбанд. Аксари дарахту буттахо ва гиёххои бисёрсола Мугчаи п у ш и д а доранд (бо пулакчахо пушида шудааст). Мугчахои кушод (бепулакча) бештар дар дарахтхои чангалзори сернами тропики ва растанихои сармобардори минтакахои муътадил мушохида мешаванд. Мугчахое, ки суст месабзанд, Мугчахои ором ном доранд; онхо бештар ба дарахту буттахои ороиши хосанд. Дар багали баргу хушагул, хатто дар худи барг (ориофиллюм)-и баъзе растнихо (растанихои зиндазо) Mугчахои с а б з и д а инкишоф меёбанд, ки онхо аз растании модари чудо шуда, мустакилона рушд мекунанд. Дар богдори хангоми бо рохи пайванд афзоишкунонидани растанихо аз кисми пояе ис-тифода мебаранд, ки Мугчахои ором «чашмак» дорад.

Навъхои мугча: 1— мугчахои пушидаи осина (а — нашви ва б — гулдор); 2 — мугчахои кушодашудаистодаи ёс; 3 — мугчаи кушодашудаистодаи чемерица; 4 — пулакчахои мугчаи фундук; 5—мугчаи кушода дар болои навдаи лодан; 6— накшаи мугчаи болои дар шохчаи себарга.

Аломатхои ирсии растанихо — сохти мугчахо (дутарафа чойгиршавии баргхо дар Мугчахои) ва сохти баргхо (навъи навдаи дар як барг) дар сис-тематикаи растанихо ба хисоб гирифта мешаванд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …