Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУФТХӮРӢ

МУФТХӮРӢ

mufthuriМУФТХӮРӢ, сифати манфии ахлоқ буда, аз ҳисоби дигарон зиндагӣ ба cap бурдан ва нафрату беэътиноӣ нисбат ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ доштанро ифода мекунад. Муфтхӯрӣ ҳодисаи иҷтимоӣ буда, асоси онро мавҷудияти моликияти хусусӣ ва синфҳои истисморгар ташкил медиҳанд. Дар олами сармоя ақаллият боигарии ҷамъиятиро дар дасти худ нигоҳ дошта, бо роҳи аз худ намудани маҳсули меҳнати дигарон ҳаёти муфтхӯрона ба cap мебаранд. Аз ин ҷост, ки мехнат дар ҷамъияти истисморгар характери маҷбурӣ дошта, барои истеҳсолкунанда танҳо воситаи зисту зиндагонӣ, барои азхудкунанда манбаи даромад мебошад.

Дар ҷамъияти капиталистии ҳозира назарияи бегонашавии меҳнат, аф-зудани шумораи бекорон, қашшоқӣ ва бенавоии омма нафрати меҳнатка-шонро нисбат ба меҳнат меафзояд. Идеологҳои буржуазӣ ҳақиқати ҳолро тақриф намуда, сохти капиталистиро чун ҷамъияти «хайрияти умум» ва «фаровонӣ» ба қалам медиҳанд. Аммо дар он ҷое, ки боигарии ҷамъият дар дасти тӯдаи хурди одамон асту Муфтхӯрӣ ҳукмфармост, давлати умумихалқӣ, фаъолияти эҷодии меҳнаткашон, мехру муҳаббат нисбат ба меҳнат вуҷуд надорад. Гадоӣ, савдогарӣ, ҳаромхӯрӣ, молпарастӣ шаклҳои зуҳури Муфтхӯрӣ мебошанд. Сотсиализм моликияти хусусию истисмори одам, решаҳои иҷтимоии Муфтхӯриро барҳам дод. Сотсиализм меҳнатро ба манбаи бахту саодат ва хушнудии инсон табдил додааст. Муфтхӯрӣ ба табиати сотсиализм мухолиф аст. Бартараф намудани Муфтхӯрӣ кори мушкил ва мураккаб буда, ҷидду ҷаҳди зиёди кори таълиму тарбияро талаб мекунад. Баланд бардоштани ҷаҳонбинии сиёсӣ, дараҷаи маданият ва дониши касбии меҳнаткашон, дар онҳо тарбия кардани муносибати коммунистӣ ба меҳнат боиси аз байн рафтани Муфтхӯрӣ мегардад.

Адабиёт: Энгелс Фридрих, Анти-Дюринг, Душанбе, 1976; Энгельс Фридрих, Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат, Маркс Карл ва Энгельс Фридри, Асарҳои, мунтахаби ҷилди 2, Душанбе, 1966; Ленин Владимир Илич, Ташаббуси бузург, Асарҳо, ҷилди 29; Программаи Пратияи  Коммунистии ИттифоқиСоветӣ КПСС, Москва, 1974; Материалҳои съезди XXVI Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС, Душанбе, 1981; Шарипов И., Ташаккули ахлоқи коммунистӣ, Душанбе, 1975.

Н. Салимов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …