Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУБОҲИСАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

МУБОҲИСАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

baynalkhalkiМУБОҲИСАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ, баҳсу мунозираҳое, ки дар заминаи мухолифати байни давлатҳо доир ба масъалаҳои гуногуни муносибатҳои тарафайн ва байналхалқӣ рӯй медиҳанд. Ҳуқуқи байналхалқии ҳозира дар муносибатҳои байни давлатҳо иcтифoдa бурда шукӯҳ ва ё бо роҳи зӯрӣ таҳдид намуданро манъ карда, муқаррар мекунад, ки тамоми Муносибатҳои байналхалқӣ бояд танҳо бо роҳи осоишта, дар асоси ризоияти давлатҳои манфиатдор ҳал карда шаванд (Устави ТДМ, и. 3, мод. 2; Декларацияи соли 1970 оид ба принципҳои ҳуқуқи байналхалқӣ; Ҳуҷҷати хотимавии Маҷлиси машваратӣ оид ба бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Европа, 1975 ва ғ.). Роҳҳо ва василаҳои ҳалли Муносибатҳои байналхалқиро худи давлатҳо интихоб мекунанд. Устави ТДМ (мод, 33) навъҳои зерини воситаи ҳалли осоишитаи баҳсҳоро номбар мекунад: гуфтушунид, таҳқиқу тафтишӣ, миёнаравӣ, оштидиҳӣ, арбитраж, мурофиаи судӣ, муроҷиат ба органҳо ё аҳдномаҳои ноҳиявӣ. Ба қатори воситаҳои ҳалли осошитаи Муносибатҳои байналхалқӣ инчунин шаклҳои гуногуни маросимҳои оштидиҳӣ (ташкили комиссияҳои тафтишотию ҳамфикрӣ ва ғ.) дохил мешаванд. Маросими оштидиҳӣ аз гуфтушуниди бевосита бо он фарқ мекунад, ки дар он одатан давлати сеюм ё органҳои байналхалқӣ (бо ризоияти давлатҳои баҳскунанда) иштирок менамоянд,

Мубоҳисаҳои байни давлатҳоро бо ёрии судҳо ва арбитражҳои байналхалқӣ низ ҳал кардан мумкин аст. Дар доираи ташкилотҳои байналхалқӣ ҳал кардани Муносибатҳои байналхалқӣ беш аз пеш вусъат меёбад. Дар ТДМ ҳалли осоиштаи баҳсҳо пеш аз ҳама, аз тарафи Совети Амният, Ассамблеяи генералии ТДМ ва Суди байналхалқии ТДМ ба ҳаёт гузаронда мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …