Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУАЙИДИ ДЕВОНА

МУАЙИДИ ДЕВОНА

nophotoМУАЙИДИ ДЕВОНА ( таваллуд номаълум — вафот 1464), шоир ва орифи асри 15 форс-тоҷик. Муайяди Девона яке аз муътақидони Абӯсаиди Абулхайри Маҳнаӣ будааст. Сабаби «Девона» лақаб гирифтанаш дар он будааст, ки даъвои подшоҳӣ карда, Хуросонро дар байни муридонаш тақсим намуда буд. Вақте ки байни Ҳусайни Бойқаро ва Абӯсаид Мирзо ихтилоф афтод, ӯ ба ҳимояти Абӯсаид Мирзо шеъре гуфт ва ин шеър боиси аз дасти гумоштагони Ҳусайни Бойқаро пинҳонӣ кушта шудани ӯ гардид. Дар тазкира, манбаъҳои адабӣ ва асарҳое, ки ба шарҳи ҳоли аҳли тасаввуф оиданд, номи Муайяди Девона ҳамчун шоири тавоно зикр шуда, намунаҳои ашъораш оварда шудааст. Девони ашъор ва асарҳои Муайяди Девона дастрас нагардидаанд.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …