Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНҲОИ ҲАРФЧИН

МОШИНҲОИ ҲАРФЧИН

moshini-hurufchiniМОШИНҲОИ ҲАРФЧИН дар полиграфия, мошинҳоеанд, ки барои чопи матнҳо қолабҳои чопӣ тайёр мекунанд. Истифодаи Мошинҳои ҳарфчин охири асри 19 баробари буньёди линотип ва монотип вусъат ёфт. Аз рӯи принципи тайёр кардани қолабҳои чопӣ (тасвири матн) Мошинҳои ҳарфчинӣ се навъ: металлӣ (тасвири матнро ба намуди аломатҳои ҷудогона ё сатрҳои рехтаи рельефа ҳосил мекунанд), чопкунанда (тасвири матнро дар коғаз, навор ва масолеҳи дигар ба намуди оттиск ҳосил мекунанд) ва фотографӣ (тасвири матнро дар коғази фотографе ё дар негатив ҳосил мекунанд) мешаванд. Вазифаи ҳар як навъи Мошинҳои ҳарфчинро аз рӯи гуногунии аломатҳои чопӣ, миқдори кеглҳо (баландии аломатҳои чопӣ) миқдори формат (дарозӣ)-и сатрҳо, имконпазирии чидани ҷадвалу формулаҳои чандсатра муайян кардан мумкин аст. Аз рӯи дараҷаи механиконии процессҳои кор Мошинҳои ҳарфчини нимавтоматӣ (ҳуруфчин фақат тугмаҳои клавиатураро пахш мекунад) ва автоматӣ (мошини ҳарфчин аз рӯи программаи додашуда идора карда мешавад) мавҷуданд. Ниг. низ Мошини чоп.

Ад.: Петронас Л. В, Шнееров Л. А.. Машины наборного производства, М.. 1973.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …