Маълумоти охирин

МОШИН

moshinМОШИН (аз лот. machina — иншоот), чиҳозест, ки барои тавассути ҳаракати механикӣ аз як шакл ба шакли дигар табдил додани энергия, масолеҳ ё ахборот (информа­ция) хизмат мекунад. Вобаста ба вазифаи асосӣ (чиро бештар табдил медиҳад) Мошнҳо 3 хел мешаванд: энергетикӣ, корӣ ва информационӣ. Мошинҳои энергетикие, ки шакли дилхоҳи энергияро ба энергияи механикӣ табдил медиҳанд, муҳаррикҳо ном гирифтаанд. Генератори электрикӣ низ яке аз намудҳои маъ­мули Мошинҳои энергетикӣ мебошад. Мошнҳои корӣ технологӣ ва нақлиётӣ мешаванд. Мошинҳои технологӣ шакл, хосият, ҳолат ва мавқеи масо­леҳи сахт, моеъ ва газшакл (объекти меҳнат)-ро табдил медиҳанд (дастгоҳи металлбурӣ, дастгоҳи про­кат, дастгоҳи бофандагӣ, Мошинҳои по­лиграфӣ ва ғ.). Мошинҳои нақлиётӣ ин ё он предмети меҳнатро аз як ҷо ба ҷои дигар мекӯчонанд, яъне фақат мавқеи онро табдил медиҳад (автомобил, тепловоз, самолёт, вер­толёт, конвейер ва ғ.). Мошинҳои информационӣ барои табдили ин­формация таъин шудаанд. Агар ин­формация аз ададҳо ташкил ёфта бошад, Мошинро ҳисобмошин меноманд (арифмометр, интеграторҳои механикӣ, Мошинҳои бухгалтерӣ ва ғ.). Компютер (ҳисобмошини электронӣ) аслан Мошин намебошад, чунки дар он ҳаракати механикӣ фақат барои иҷрои баъзе амалиёти ёрирасон истифода мешавад.

Мошине, ки дар он ҳамаи табдилоти энергия, масолеҳ ва маълумот бе иштироки бевоситаи инсон ба амал меояд, мошинавтомат ё фақат ав­томат номида мешавад. Маҷмӯи мошин-автоматҳое, ки ба ҳам пай дар пай васл карда шудаанду барои иҷрои процесси технологии муайян хизмат мекунанд, хати автоматӣ ном дорад. Мошинҳо, алалхусус, автоматҳо дар сурати дуруст истифода бурдан меҳнати инсонро хеле сабук, ҳосилнокии онро афзун ва сифати баланди иҷрои процесси корро таъмин мекунанд. Ниг. низ Назарияи мошин ва механизмҳо.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …