МОРОЗОВ Александр Александрович (таваллуд 29. 10. 1904, Бежица, вилояти Брянски ҳозира), конструктори танкҳои советӣ, генерал-майори хизмати техникӣ (1943), доктори илмҳои техникӣ (1972), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1942). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли 1931 техникуми мошинсозиро хатм намуд. Солҳои 1931—38 роҳбари гурӯҳи бюрои конструктории (БК) завод, 1938 ҷонишини сардори БК, 1940 саркопструктор. Солҳои 1931—39 дар таҳияи лоиҳаи танкҳои сабуки БТ-2, БТ-5, БТ-7 ва ғ. иштирок кард. Якҷоя бо М. И. Кошкин ва Н. А. Кучеренко ба сохтани танки миёнаи Т-34 роҳбарӣ намуд: Пас аз ҷанг таҳти роҳбарии Морозов як қатор танкҳо ва дигар объектҳои техникаи танкҳои зиреҳпӯш сохта шуд. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 5). Мукофоти давлатии СССР (1942, 1946, 1948), Мукофоти ленинӣ (1967). Бо 2 ордени Ленин, ордени Революцияи Октябрь ва дигар ордену модалҳо мукофотонида шудааст.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …