Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОРАТОРИЯ

МОРАТОРИЯ

moratoriyaМОРАТОРИЯ (аз лот. moratorins — таъхирандозӣ), аз тарафи ҳукумат ба муддати муайян ё то анҷоми ягон ҳодисаи фавқулода (ҷанг, офати табиӣ) ба таъхир андохтани иҷрои ӯҳдадорӣ. Моратория ба ҳамаи ӯҳдадориҳо ё танҳо ба баъзе намудҳои он ва ба категорияи алоҳидаи қарадорон татбиқ мешавад. Моратория дар СССР бо қарори Советй Вазирони СССР ё республикаҳои иттифоқӣ муқаррар мегардад. Дар ҳуқуқи граждании Советӣ Моратория асосан боздоштани мӯҳлати даъво аст (КГ РСС Тоҷикистон мод. 85). Дар СССР М.-и умумӣ ҳаргиз эълон нашудааст. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба баъзе намудҳои ӯҳдадориҳо Моратория эълон шуда буд.

Дар мамлакатҳои буржуазӣ давлатҳо дар давраи буҳронҳои иқтисодӣ аз Моратория истифода мебаранд. Мораторияи банкӣ шакли махсуси Моратория аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …