Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОНТГОМЕРИ

МОНТГОМЕРИ

montgomerМОНТГОМЕРИ оламайни (Montgomery of Alamein) Бернард Jloy (таваллуд 1887, Лондон.—1976), ходими ҳарбии британӣ, фельдмаршал (1944), виконт (1946). Аз оилаи епископ. Академияи ҳарбиро дар Сандхерст хатм кардааст (1908). Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18). Дар аввали Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 —45) фармондеҳи дивизияи З-юми пиёдагард буд, дар ҷангҳои Франции ва Бельгия иштирок намуд. Аз августи 1942 фармондеҳи армияи 8-уми Англия дар Африкаи Шимолӣ. Дар ҷангҳои назди Ал-Оламайн (октябр— ноябр 1942) қӯшунҳои фашистии италяну немисро шикаст дода, дар ҷангҳои Сицилия ва Италия иштирок кард. Соли 1944 фармондеҳи гурӯҳи армияҳои 21-ум, ки дар Бельгия, Нидерланд, Германияи Шимолӣ меҷангиданд. Соли 1945 сарфармондеҳи қӯшунҳои ишғолии Британия дар Германия. Солҳои 1946—48 сардори Штаби генералии империя, 1948—51 раиси Комитети сарфармондеҳони Совети мудофиаи Иттифоқи Ғарбӣ. Солҳои 1951—58 ҷонишини 1-уми сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи НАТО дар Европа. Дорандаи ҳамаи орденҳои олии Британияи Кабир ва бисьёр орденҳои хориҷӣ, аз ҷумла орденҳои советии «Ғалаба» ва Суворов (дараҷаи 1).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …