Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОНТЕВИДЕО

МОНТЕВИДЕО

montevideoМОНТЕВИДЕО (Montevideo), пойтахти Уругвай ва маркази маъмурии департаменти Монтевидео. Дар сорили чапи хал. Ла-Платаи уқёнуси Атлантик воқеъ аст. Иқлимаш субтропикӣ; ҳаpopати миёнаи январ 23° С, июль 10° С. Боришоти солона 1000 мм. Масоҳаташ 540 км2. Аҳолиаш 1,3 млн нафар (1980). Бандари асосии баҳрии мамлакат. Аэродромаш (Карраско) аҳамияти байналхалқӣ дорад. Монтевидео маркази асосии савдо, саноат ва маданияти мамлакат буда, 3/< ҳиссаи маҳсулоти саноати Уругвайро медихад. Кӯшишхонаи калон, корхонаҳои консервбарорӣ, равғанкашӣ, ордкашӣ, бофандагӣ, чарму пойафзол, металлургӣ, коркарди металл, электротехникӣ, истеҳсоли маҳсулоти нефт, цемент, коғаз ва ғ. дорад. Дар Монтевидео филиали ширкату банкҳои хориҷӣ, базаҳои флотҳои хориҷии шнкори кит ва моҳидории Антарктика ҷой гирифтаанд. Қисми шимолу шарқии шаҳр курорти иқлимии баҳрист. Монтевидео университет (аз 1849), Коллеҷи техникӣ, Академияи миллии адабиёт, Академияи миллии инженерӣ, Институти тадқиқотии география ва таърих, Расадхонаи астрономӣ, 10 китобхона, 5 музей, 2 боғи ҳайвонот, планетарий, якчанд театр ва Консерваторияи миллӣ дорад. Аз ёдгориҳои меъморӣ калисо (1790—1804), бимохон Ратушаи кӯҳна (1804—08), театри «Солис» (1841—74), парламент (1908— 20) ва ғ. боқӣ мондаанд.

Ба Монтевидео соли 1726 испаниҳо асос гузоштаанд. Онро соли 1777 Португалия, 1807 Британияи Кабир забт карда буданд. Солҳои 1816—28 ба ҳайати Бразилии дохил мешуд. Аз августи 1828 пойтахти Уругвай.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …