МОНОТИП (аз моно… ва юн. typos— нақш), мошини автоматии дарфрезеро гӯянд, ки матни мураккабро ба шакли сатрҳои шрифтӣ, ки аз литераҳои ҷудогона иборат аст, мечинад. Ҷиҳати аз линотип фарқкунандаи он ҳам дар ҳамин аст. Моноскопро соли 1897 Т. Ланстон дар ШМА ихтироъ кардааст. Дар СССР аввалин Моноскоп соли 1947 дар заводи мошинҳои полиграфии Ленинград сохта шудааст. Моноскоп аз 2 аппарат — аппарати клавиатура ва аппарати дарфрез иборат меоошад. Аппарати клавиатура барои пешакӣ дар навори коғазин сабт кардани матни чидашаванда ва инчунин барои ҳисоб кардани фосилаҳои байни калимаҳо хизмат мекунад. Аппарати ҳарфрез бошад ба таври автоматӣ дар рӯи навори коғазин сатри матнро мерезад. Баъд аз сатрхо гранка (мусаввада) тартиб дода мешавад.