Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОНОПОЛИЯИ КАПИТАЛИСТӢ, СОЗИШ Ё ИТТИҲОДИЯИ

МОНОПОЛИЯИ КАПИТАЛИСТӢ, СОЗИШ Ё ИТТИҲОДИЯИ

monopolyai-kapitalistiМОНОПОЛИЯИ КАПИТАЛИСТӢ, СОЗИШ Ё ИТТИҲОДИЯИ соҳибкорон, ки дар ихтиёри худ қисми зиёди истеҳсолот ё фурӯши маҳсулоти муайянро ҷамъ менамоянд ва барои таъин кардани нархҳои монополӣ ва гирифтани фоидаи зиёд имконият пайдо мекунанд. Монополияи капиталистӣ дар зинаи баланди концентрацияи истеҳсолот ва капитал ба амал меоянд, дар иқтисодиёт ва сиёсати мамлакатҳои капиталистӣ дар марҳалаи империализм роли муҳим мебозанд. Шаклҳои асосии Монополияи капиталистӣ картел, синдикат, трест ва концерт ба шумор меравад. Монополияи капиталистӣ дар мамлакатҳои тараққикардаи капиталистӣ аз он ҷумла дар Россия, дар нимаи дуюми асри 19 пайдо шуданд. Шаклҳои оддитарини онҳо корнер, ринг, конвенция (шартномаҳои кӯтохмӯҳлати капиталистӣ) буда, бештар дар муомилот, барои якҷоя харидани мол ва аз нав бо нархҳои баланд фурӯхтани он амал мекунанд. Монополияи капиталистӣ хусусан баъди бӯҳрони солҳои 1900—03 паҳн шуда, яке аз асосҳои иқтисодиёти мамлакатҳои капиталистӣ гардиданд, ки ин ба империализм сабзида расидани капитализмро ифода мекард. Картелҳо дар асоси созиши байни корхонаҳои калон, ки маҳсулоти якхела мебароварданд, ташкил мешуданд. Капиталистон бозорҳои молфурӯширо дар байни худ тақсим карда, андозаи истеҳсоли мол ва нархҳои баланди монополиро муқаррар мекарданд. Соли 1902 дар Россия синдикатҳои «Продамет» (30 корхонаи калон ва ҷамъиятҳои акционерил саноати металлургӣ, ки 74% чӯяни Россияро медод), «Трубопродажа» (хариду фурӯши қубурҳоро дар мамлакат пурра марказонида ба ихтиёри худ гирифт), «Продутоль» ва соли 1904 «Продвагон» ташкил ёфтанд. Ин синдикатҳо якҷоя мол фурӯхта, ашьёи хом мехариданд ва ба молҳо нархҳои баланди монополӣ мегузоштанд. Трестҳо монополияҳое мебошанд, ки моликияти ҳамаи корхонаҳои онҳо муттаҳид карда мешавад ва соҳибони моликият ба сифати саҳмдорон аз рӯи маблағи ба кор андохтаашон фоида мегиранд. Трестҳо дар навбати худ концернҳоро ташкил медиҳанд, ки онҳо як қатор корхонаҳои соҳаҳои гуногунро муттаҳид мекунанд. Дар давраи гузаштан ба империализм барои мамлакатҳои капиталистии Европаи Ғapбӣ картелҳо ва синдикатҳо, дар ШМА тресту концернҳо характерӣ буданд. Дар дохили монополияҳо ва дар байни онҳо барои рӯёнидани фоидаи барзиёди монополӣ муборизаи шадиди рақобатӣ меравад, ки ин ҳол ба вайрон шудани иттиҳодияҳои монополӣ ва ба монополияҳои калон тобеъ шудани монополияҳои хурд оварда мерасонад. Дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Россия зиёда аз 150 иттиҳодияҳои монополистӣ амал мекарданд. Аз ҷиҳати концентрацияи капитал Россия аз ШМА пеш гузашт. Солҳои 1912—14 ҳиссаи монополияҳо дар саноати металлургӣ, ангиштсанг ва қанди Россия 60— 90%, дар Германия 40—70%-ро ташкил мекард. Иқтидори Монополияи капиталистӣ минбаъд дар натиҷаи концентрацияи истеҳсолот ва капитал меафзояд, монополияҳои саноатӣ бо монополияҳои банкӣ якҷоя мешаванд ва дар ин асос капитали молиявӣ ва олигархияи молиявӣ ба вуҷуд меоянд. Ба хорича баровардани капитал зиёд мешавад, тақсими пқтисодию территориявии ҷаҳон амалӣ гашта, истисмори мамлакатҳои мустамлика ва тобеъ пурзӯр мегардад. Капитали монополистӣ қувваи давлати буржуазиро ба хизмати худ мегузорад, ки бо иштироки он капиталками давлатию монополистӣ ба вуҷуд омада тараққӣ мекунад. Ҳукмронии монополияҳо анархияи истеҳсолоти капиталистиро пурзӯр мекунад, муфтхӯрӣ ва пӯсиши капитализмро боз ҳам зиёд менамояд, буҳронҳои иқтисодӣ доимӣ мегарданд, дар ҷамъияти буржуазӣ муборизаи синфӣ шиддат мегирад. Монополияҳои ШМА дар ҷаҳон аз ҳама пуриқтидортаранд. Ба иқтисодиёти мамлакатҳо монополияҳои автомобилсозӣ, металлургӣ, нефт, химиявӣ ва монополияҳои электротехникию радиоэлектронӣ махсусан таъсири калон мерасонанд. Дар давраи пурзӯр гаштани монополияҳо дараҷаи баланди умумигардонии истеҳсолот заминаи объективию иқтисодии револютсияи пролетарӣ ва дигаргунсозии иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад.

Ад.: В. И. Ленин., Империализм ҳамчун дараҷаи баландтарини капитализм, Ас., ч. 22; Крупнейшие монополии мира. Краткий справочник. М., 1968; Политическая экономия современного монополистического капитализма, т. 1, М., 1970; Драгилев М. С., Мою

Н. И., Ленинский анализ монополистического капитала и современность, М., 1970.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …