Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНИЛИОЗ

МОНИЛИОЗ

moniliozМОНИЛИОЗ, меватосак, карраи мева, пӯсидани мева, касалиест, ки занбурӯғдон Monilia дар дарахтони мевадор ба вуҷуд меоранд. Дар СССР бештар занбурӯғҳои Монилиоз cinerea, М. fructigena, М. mail ва М. cydonia паҳн шудааст. Ба Монилиоз асосан дарахтони меваашон донакдор (зардолу, шафтолу, олу, олуча, гелос) ва тухмакдор (себ, нок, бидӣ) дучор мешаванд. Ҳангоми Монилиоз меваҷот пажмурда ва хушк мешавад ё мепӯсад. Барангезандаи Монилиоз дар бофтаи растаниҳо инкишоф меёбад ва зимистонро дар узвҳои осебдида мегузаронад. Бо фаро расидани ҳавои гарму сернам спораҳо ба ҳаракат даромада, бо ёрии қатраҳои борон ва ҳашарот (хусусан шапалакҳои мевахӯр) ба дарахтони солим мегузаранд. Чораҳои мубориза: бунёд намудани боғ дар ҷойҳон ҳамвор ва шамолрас; шохаҳои дарахтонро нашикаста чидани мева; канда партофтани меваҳои касал; тирамод ё навбадор буридани шохҳои касал; истифодаи фунгицидҳо.

Ад.: Дементьева М. И., Болезни плодовых культур. М., 1962.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …