Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛУККА

МОЛУККА

molukka-jaziraМОЛУККА (Ҷазираҳои Молукка), гурӯҳи ҷазираҳо дар қисми шарқии галаҷазираи Малай, дар Индонезия, байни ҷазираҳои Сулавеси ва Гвинеяи Нав. Масоҳати 83,7 ҳазор км2. Аҳолиаш қариб 1 млн нафар (1971). Ҳавзаҳои калонтаринаш: Хальмахера, Серам, Буру. Рельефи ҷазираҳои кӯҳӣ (нуқтаи баландтаринаш 3019 м—к. Биная дар ҷазираи Серам). Вулқонаш бисёр (10-тоаш амалкунанда). Зуд-зуд зилзила рӯй медиҳад. Конҳои қалъагӣ, тилло, нефт, ангишт дорад. Иқлимаш экваторӣ ва субэкваторӣ. Ҳарорати ҳаво дар назди соҳилҳо 25—27° С, боришоти солона аз 800 то 5000 мм. Зиёда аз 80% терр. ҷазираҳоро бешахои экваторӣ фаро гирифтаанд. Ҳайвоноти халтадори дарахтгард, кӯршабпарак, тимсоҳ, мори печон, мурғи биҳиштӣ ва ғ. вомехӯранд. Плантацияҳои нахли норҷил, чормағзи хушбӯй, занҷабил ва ғ. мавҷуданд. Дар ин ҷо шолӣ ва ҷуворимакка мекоранд. Шаҳр ва бандари асосиаш — Амбон (дар ҷаираи Амбон).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …