МОЛИ МАНҚУЛА, Дар ҳуқуқи граждании буржуазӣ як шакли молу мулк (асбобу анҷом, сарват, чорво ва ғ.), ки аз ҷое ба ҷое интиқол додан (бурдан) мумкин аст. Тақсими молу мулк ба Моли манқула ва моли ғайриманқула (шартан) бо ин ё он хосияти ашьё алоқаманд буда, мавқеи ин молҳоро аз назари ҳуқуқ муайян мекунад. Одатан ҳуқуқи граждании Европаи континенталӣ, Япония ва баъзе мамлакатҳои дигар замин ва ҳамаи чизи бо он алоқаманд (иморат, иншоот ва ғ.)-ро ба моли ғайриманқула ва чизҳои боқимондаро ба Моли манқула мансуб медонад. Дар мамлакатҳои англосакс (Британияи Кабир. ШМА) тақсими молу мулк ба Моли манқула ва моли ғайриманқула дар муносибатҳои дохилӣ истифода намешавад. Судҳо Моли манқуларо танҳо дар муносибатҳое, ки бо ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ танзим мешаванд, ба инобат мегиранд.