Маълумоти охирин

МОҲИҲО

mohihoМОҲИҲО, як гурӯҳи ҳайвонҳои мӯҳрадори обиро гӯянд, ки ҳарорати баданашон тағйир ёфта меистад. Ба 2 синф ҷудо мешаванд: гирддаҳонҳо ва моҳиҳои аслӣ.

Моҳиҳои аслӣ (Pisces) 7 зерсинфро дар бар мегиранд: акантодҳо, артродирҳо, Моҳиҳои болдор (Моҳиҳои қадимаи мурдарафта), лавҳағалсамагиҳо, capбутунҳо, духелнафаскашандаҳо, пуррадаҳонҳо (баъзе намудҳояшон мурдарафтаанд, намудҳои дигарашон ҳанӯз ҳам ҳастанд). Умуман қариб 25 ҳазор намуди Моҳиҳо маълуманд, ки аз онҳо ҳоло қариб 20 ҳазор намудашон зиндагӣ мекунанд. Дар ҳудуди СССР қариб 1,4 ҳазор ва дар обанбору дарьёҳои Тоҷикистон 49 намуди Моҳиҳо маскун шудаанд, ки ба 12 оила мансубанд. Дар ҳавзаи Сирдарё 33, дар ҳавзаҳои дарёҳои Вахш 27, Кофарниҳон 26, Панҷ 25 ва Зарафшон 14 намудашон зиндагӣ мекунад.

Моҳиҳо скелети устухонӣ ё тағоякӣ, ғалсама, болҳои шиноварии тахтапуштӣ, аналӣ ва думӣ (дар баъзе Моҳиҳо болҳои шиноварии ҷуфт ба узви ба предметҳои гуногун часпанда табдил ёфтаанд) доранд. Бадани Моҳиҳо тасмашакл, мормонанд, лунда, сӯзаншакл, лавҳашакл буда, бо пулакча (баъзе намудашон пулакча надоранд, мас., лаққамоҳӣ) пӯшида шудааст. Дар аксари Моҳиҳо ҳуҷайраҳои пӯстӣ ё ғадудии луобҷудокунанда хеле инкишоф ёфтаанд. Ранги Моҳиҳо гуногун буда, бештар ба муҳити атроф ҳамранг мешавад. Дар Моҳиҳо узвҳои ҳиссиёт, ломиса, шунавоӣ, босира, инчунин дарки ҷунбиши об хеле инкишоф ёфтаанд. Пуфаки шиноварии Моҳиҳо чун узви гидростатикӣ хизмат мекунад (дар баъзе Моҳиҳо вай вазифаи нафаскашӣ, резонатор ва ғ-ро низ иҷро мекунад). Андозаи Моҳиҳо хеле гуногунанд. Моҳии аз ҳама хурд Pandaka pygmaea (дарозиаш қариб 1 см) ва аз ҳама калон — наҳанги китшакл (Rhincodon ,tyrus; дарозиаш то 15 м) мебошад. Аксари Моҳиҳо тухм мегузоранд; баъзе Моҳиҳо зиндазо (мас., наҳанг, гудмоҳиҳои дандондор Da ғ.) мебошанд. Бордоршавӣ одатан дар об ба вуҷуд меояд. Моҳиҳо ҳайвони ҷудоҷинса буда, фақат баъзе намудашон (мас., хормоҳии сангӣ) хунсоянд. Баъзе Моҳиҳо дар соли аввали ц-ёт, хелҳои дигарашон бошад, дар синни 12—20 ба воя мерасаид. Ризои Моҳиҳо планктон, соддатаринҳо, харчангшаклҳо ва ғ. мебошанд. Дар байни Моҳиҳо Моҳиҳои дарранда, паразит ва растанихӯр низ дучор мешаванд.

Тахмин мекунанд, ки Моҳиҳои қадимаи мурдарафта дар давраи силур дар обҳои ширин пайдо шудаанд. Аз давраи девон cap карда ба баҳр гузаштаанд ва дар давраи табошир аз онҳо аксарияти Моҳиҳои ҳозира пайдо шудаанд.

Аҳамияти Моҳиҳо басо бузург аст. Гӯшт ва тухмӣ бештари Моҳиҳо чун маҳсулоти хӯрокӣ истифода мешавад; равғани ҷигар ва дигар узвҳои дохилии Моҳиҳо (мас., равғанмоҳӣ) аз витамин бой аст. Бинобар ин онро барои муолиҷа истифода мебаранд. Моҳиҳо обанборҳоро аз кирминаи магасҳо (паҳнкунандагони варана) ва растаниҳо тоза мекунанд. Моҳиҳои майдаи зеборо дар аквариумҳо барои ороиш парвариш мекунанд. Илми моҳишиносӣ ихтиология ном дорад.

Тасвир дар саҳ- 512—513.

Ад.: Никольский Г. В., Рыбы Таджикистана. М.— Л, 1938; намой муалл., Экология рыб. М., 1974; Максунов В. А., Промысловые рыбы Таджикистана, Д., 1968; Абдусалямов И. А., Грищенко Б. В. ва диг.. Редкие и исчезающие животные Таджикистана.

Е. В. Григценко.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …