Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «МОҲИ НАХШАБ»

«МОҲИ НАХШАБ»

nakhshab«МОҲИ НАХШАБ» Моҳи Муқаннаъ, Моҳи Кеш, Моҳи Сиём (Сиём кӯҳест, ки ин моҳ аз паси он мебаромадааст), Моҳи музаввар (қалбакӣ), яке аз образҳои адабиёти классикии форс-тоҷик. Мурод аз «Моҳи Нахшаб» моҳи маснӯест, ки онро дар аҳди Маҳдӣ (775—785) Муқаннаъ (косибе аз Марв) барои тасдқиқи даъвои пайғамбариаш дар байни Нахшаб (Қаршии ҳозира) ва Кеш (Шаҳрисабзи ҳозира) бо амали қимиёӣ сохта буд. Сабаби дар ин ноҳия офаридани «Моҳи Нахшаб» он буд, ки ҳамаи пайравон, ҳамфикрон ва мухлисони Муқаннаъ, ки муқобили ҳукмронии халифаҳои аббосии араб баромада буданд, дар Нахшаб, Кеш ва атрофи Бухоро сукунат доштанд. Рӯҳониён, диндорони мутаассиби ислом ва мардуми оминро сеҳру ҷоду пиндошта, Муқаннаъро ба ҷодугарию соҳирӣ гунаҳкор карданд. Дар ҳақиқат моҳ сунъӣ дар асоси илми ҳандаса ва қонуни инъикоси шуоъ сохта шуда буд. Баъди вафоти Муқаннаъ ва қать шудани шуоъпошии «Моҳи Нахшаб» аз тахти шоҳ зарфи пур аз симоб пайдо кардаанд, ки шуои моҳи ҳақиқӣ дар он акс гардида, дар фазо мисли Моҳ зоҳир мешудааст. «Моҳи Нахшаб» ҳамчун образи рамзӣ дар шеъри классикӣ мавқеи калон дорад. Чунончӣ, Ҳоқонӣ мегӯяд:

Субҳ баромад зи кӯҳ чун маҳи Нахшаб зи чоҳ,

Моҳ баромад ба субҳ чун думи моҳӣ ба об.

А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …