Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДЕРНИЗМ

МОДЕРНИЗМ

modernizmМОДЕРНИЗМ (аз франс. modernе — навтарин, ҳозиразамон), дар дин ҷараёнест, ки таълимоти диниро ба муваффақиятҳои илму техника, дигаргуниҳои азими иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании замона мувофнқ месозад. Медоризм барои мустаҳкам наму­дани мавқеи дин дар байни омма мекушид. Аз ҷумла дар пелом майли ба шароити ҷамъияти мавҷуда ва рӯҳи замон мувофиқ кардани аҳкому анъанаҳо пеш аз ғалабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь пайдо шуда буд. Мас., муборизаи байни исломи расмӣ ва ислоҳотчиён зуҳуроти Медоризм буд. Дар Осиёи Миёнаи охири асри 19 ҷадидҳо то андозае ифодакунандаи ғояҳои Медоризм буданд. Онҳо манфиати буржуазия» ҷавони маҳаллиро ифода намуда, бо мақсади ба шароити нав мутобиқ сохтани аҳкому оини пелом ба муқобили як қатор муносибатҳои мавҷудаи феодалп мебаромаданд. Солҳои охир муассисаҳои динӣ мекушанд талаботи диниро ба рӯҳи за­мона мувофиқ созанд. Ҳомиёни дин бо мақсади созиш додани илму дин даъво мекунанд, ки гӯё кашфиёти муосири илмӣ дар Қуръону ҳадис пешбинӣ шудааст. Замонасозии пе­лом дар масъалаи муносибат ба зан низ зоҳир шудааст. Медоризм барҳам хӯрдани фаранҷӣ, озод шудани занони Шарқи советиро авомфиребона татбиқи амалии таълимоти исломи рас­мӣ ва иродаи Муҳаммад медонад.

Тамоюли замонасозӣ дар дигар динҳои даҳонӣ (буддоия, масеҳият) ва миллӣ (дини яҳудӣ, ҳиндуия, син­тоизм) низ мушоҳида мешавад. Кӯшишҳои модорнистӣ дар дин аломати равшани oн аст, ки рӯҳониён ба таъсирнопазирии ақоиди мазҳабӣ дар шаклу андоми кӯҳна иқроранд. Вале тадбирҳои модорнистӣ, дину диёнатро аз таназзул боздошта наметавонад.

Ад.: Aширов Н., Эволюцияи мислом дар СССР, Д., 1976; Шейнман М., Модернизм я модеряизацяя в като­лицизме, дар кит.: Кжагодвин Музея история религии и атонома, М — Л., т. 2, 1958; Боленьни И М., Иудаизм, М., 1966; Курочкин П., Эволюция сов­ременного русского православия, М., 197.1.

Э. Бобохонова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …