МОДДА (ар. — чиз, асл, модият), як навъ материяро гӯянд, ки бар хилофи майдони физики массаи сокин дорад (ниг. Масса). Модда дар ниҳояти кор ва аз зарбаҳои элементарии (асосан аз электронҳо, протонҳо, нейтронҳо) иборат аст, ки массаи сокини онҳо ба сифр баробар нест. Дар физикаи классикӣ Модда ва майдони физикӣ ҳамчун ду навъи материя ба ҳам мутлақан муқобил гузошта мешуд, зеро таркиби аввалиро мунфасил ва таркиби охириро муттасил ҳисоб мекарданд. Дар зимни физикаи квантӣ, ки сиришти дучиҳатаи микрообъектро кашф намуд, (маълум шуд, ки дар як зарра ҳам мавҷ асту ҳам корпускула) ба чунин муқобилгузорӣ асос намонд. Ошкор шудани робитаи мутақобилаи Модда ва майдон боиси амиқтар шудани тасаввуроти пешина оид ба таркиби материя гардид. Дар ин асос категорияҳои Модда ва материя аз ҳам қатъӣ ҷудо карда шуданд (дар таърихи чандинасраи фалсафа онҳо айният дониста мешуданд), акнун материяро ба маънои фалсафӣ истифода бурда, дар физика ва химия бошад, мафҳуми Моддаро нигоҳ медоранд. Дар шароити заминӣ Модда дар чор ҳолат — газ, моеъ, ҷисми сахт ва плазма дучор меояд. Инчунин таҳмил мекунанд, ки Модда дар ҳолати комилан нав — ҳолати беҳад зич (чунончи, дар ҳолати нейтронӣ) вуҷуд дошта метавонад. Ниг. Пульcapҳo.
Ад.: Вавилов С. И., Развитие идеи вещества, Собр. соч., т. 3. М., 1056; Структура и формы материи, М., 4967.