Маълумоти охирин
Главная / Илм / МНЕМОСХЕМА

МНЕМОСХЕМА

mnemoskhemaМНЕМОСХЕМА Газ юн. mnemonikos — дорандаи ҳофизаи хуб), тасвироти шартии объекти идорашавандаест, ки дар пулт, лавҳа, панели идоракунии он ё таблои сигнал насб карда мешавад. Мнемосхема ҳолати объект ё ки ҷараёни процессҳои истеҳсолиро баръало нишон дода меистад. Элементҳои объекти идорашаванда ё худ назоратшаванда дар намуди схемаи маъмули электрӣ, технологии нақлиётӣ ва г. тасвир карда мешаванд. Мас., дар Мнемосхемаи стансияи электрӣ муҳаррик ва генераторҳо бо доирача, васлакҳо бо квадратча ишора меёбанд. Элементҳои мазкурро вобаста ба шиддати ҷараён ҳар хел ранг мекунанд (ниг. расм). Мнемосхемаҳо операторӣ ва диспетчерӣ мешаванд. Агар дар Мнемосхемаҳои операторӣ ҷамеи комплексҳои технологӣ якҷо воқеъ бошанд, дар Мнемосхемаи диспетчерӣ сиситемае, ки аз объектҳо ва комплексҳои техникии сершумор иборат аст, cap то сари территория тақсим карда ме­шавад. Мнемосхемаҳо вобаста ба принципи кор ишоравӣ, тасвирӣ (равшанидиҳанда) ва муштарак мешаванд. Дар Мнемосхемаи ишоравӣ аломатҳои шартӣ ва хатҳои васлии рангин мебошанд ё ки ба ҷои онҳо лавҳачаҳои рангин гузошта мешаванд. Дар Мнемосхема ба паҳлуи тасвири олатҳои ҷудогона ва объектҳои идорашаванда дуто лам­почкаи сигналдиҳанда (сурх ва кабуд) мешинонанд. Лампочкаи сурх дар амал будани схема, мошин ё аппаратро нишон диҳад, лампочкаи кабуд аз кор истодани онҳоро нишон медиҳад. Дар Мнемосхемаи тасвирӣ ахборе, ки ҳолати объектро нишон ме­диҳад, бо роҳи тағйир додани дурахшонӣ ё ранги элементҳои Мнемосхема тасвир карда мешавад. Дар Мнемосхемаи муш­тарак ҳам аломатҳои шартӣ ва ҳам тасвирӣ рангоранг татбиқ меёбанд.

Мнемосхемаҳоро дар объектҳое истифода мебаранд, ки идоракуниашон мураккаб, ҷараёни истеҳсолоташон серсоҳаву омилҳои назораташон бисёр мебошад.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …