Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОСИРОҶ Мирзосироҷи Ҳакими Бухороӣ

МИРЗОСИРОҶ Мирзосироҷи Ҳакими Бухороӣ

nophoto-manМИРЗОСИРОҶ Мирзосироҷи Ҳакими Бухороӣ, маъруф ба доктор Собир (1877, Бухоро — 1914, ҳамон ҷо)» шоир, сайёҳ ва табиби тоҷик. Аз оилаи сарроф. Мирзосироҷ баъди хату савод баровардаи ба омӯхтани илмҳои ахлок, таърих, шеър, луғат ва ғ. шурӯъ кард, ба саррофӣ шуғл варзид, дар назди муаллими хусусӣ забонҳои русӣ ва франсавиро ёд гирифт, илмҳои риёзиёт, ҷуғрофия ва ғ-ро омӯхт. Мирзосироҷ фиқҳ ва сарфу наҳви арабиро низ аз бар кард. Мирзосироҷ бо таъсири афкори мутараққии Россия, Осиёи Миёна ва Кавказ пайрави фикрҳои навпарварӣ шуд, азми сафар ба кишварҳои Россия, Европаи Ғарбӣ ва Шарқи Миёна кард. Соли 1002 бо роҳи оҳан ба Красноводск, баъд аз б. Каспий гузашта, ба Боку, Тифлис, Сухумй рафт, аз он ҷо ба воситаи Туркия ба София, Будапешт, Вена, Женева, Париж, Лондон ва Берлин, пас ба Варшава, Москва, боз ба Боку ва ниҳоят ба Бухоро омад. Сафари дуюми Мирзосироҷ ба Эрон ва сафари сеюми ӯ ба Афғонистон иттифоқ афтод. Дар он ҷо ӯро ба тӯҳмати ҷосусӣ як сол дар ҳабс нигоҳ доштанд. Сафарҳои Мирзосироҷ то соли 1909 давом кард. Мирзосироҷ дар Теҳрон Коллеҷи тиббии америкоиро хатм намуда, диплом гирифт ва сипас дар Бухоро табобатхонаи типи европоӣ кушода, ба муолвиҷаи беморон пардохт, дар рӯзномаҳои «Бухорои шариф», «Tӯрон», маҷаллаи «Оина» ва ғ. доир ба тиб мақолаҳои илмӣ дарҷ кунонд.

Аз мероси адабӣ ва илмии Мирзосироҷ девони шеърҳо (дастнавис) ва сафарномаи «Тӯҳафи аҳли Бухоро» ва чанд мақола боқӣ мондаанд. Шеърҳои Мирзосироҷ дар мавзӯъҳои бедории фикрии халқи тоҷик, дар мубориза барои шеъри нав, эстетикаи нав ва ободии ватан хидмати босазое доранд.

  1. Мирзозода.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …