Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОШАМСИ БУХОРОӢ

МИРЗОШАМСИ БУХОРОӢ

nophoto-manМИРЗОШАМСИ БУХОРОӢ (таваллуд 1804 — соли вафот номаълум), муаррихи тоҷик. Аз оилаи мансабдори дарбор. Мирзошамси Бухороӣ чанд муддат дар дарбори амир Насруллоҳ хизмат кард. Ба сабаби низоъҳои дарбориён аз дарбор дур гашта бо тиҷорат машғул шуд. Соли 1859 «Баёни баъзе ҳаводисоти Бухоро, Хуқанд ва Қошғар» ном асаре навишт, ки он таърихи ба тахт нишастани амир Гайдар, тасвири юриши ӯ ба Марв тасвири ошӯбҳои қипчоқҳо, зиддиятҳои дарбори ва ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои Осиёи Миёнаро дар бар мегирад. Китоб аз асарҳои анъанавии муаррихони гузашта фарқи ҷиддӣ дорад. Дар таълифи он маъхазҳои мӯътамад истифода нашуданд. Дар асар баъзе ҳодисаву воқеаҳо барғалат, танҳо аз рӯи нақли шахсони ҷудогона ва ривоятҳо шарҳ ёфтаанд. Сарфи назар аз камбудиҳо, асар қимати муайяни илмӣ дорад. Он бо лаҳҷаи тоҷикони Бухо­ро навишта шудааст. Аз ин рӯ, асарро ҳамчун маъхаз роҷеъ ба таъри­хи забон истифода бурдан мумкин аст.

Ад.: Ученые записки Императорского Казанского университета, кн. I, Казань. 1861.

Қ. Вобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …