МИРЗОБОБОИ ҲИСОРӢ (таваллуд тақрибан 1831, Ҳисор — соли вафот номаълум), шоир ва насрнависи асри 19 тоҷик. Дар баъзе шеърҳояш «Бақо» тахаллус кардааст. Илмҳои расмии замонавиро дар Мадрасаҳои Бухоро омӯхтааст. Пас аз таҳсили илм чанде дар Ғиждувон зиндагӣ карда, аз пешаи мирзоӣ таъмини маишат мекард. Даp охири умр ба Ҳисор омада, ҳамон ҷо аз олам даргузашт. Ёддоштҳои сафару саргузашт, лаҳзаҳои зиндагияшро дар китобе ба насру назм фароҳам овардааст. Як нусхаи ин асар дар захираи дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷикистон дар як ҷилд китоби баёзмонанд зери рақами 1428 маҳфуз аст. Ёддоштҳои Мирзобобои Ҳисорӣ дар барқарор намудани тарҷумаи ҳоли муаллиф, омӯхтани аҳволу зиндагии зиёиёни он давра ва воқеаҳои таърихӣ аҳамияти муайяие доранд. Муаллиф дар ин асар ҳокимони золиму хасисро танқид кардааст.
Ад.: Мероси адабии шоирони Ҳисор. Матни интиқодӣ, муқаддима ва тавзеҳоти А. Ҳабибов, д., 1974.
А. Ҳабибов.