Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОАЛИИ ТАБРЕЗӢ

МИРЗОАЛИИ ТАБРЕЗӢ

nophoto-manМИРЗОАЛИИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 16 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Табрез. Санъати наққошиву хаттотиро аз падар омӯхт. Мирзоалии Табрезӣ дар манзаранигорӣ офаридаҳои зиёде дорад. Ороиши «Лавоеҳ»-и Ҷомӣ, як нусхаи «Хамса»-и Низомӣ ба қалами ӯ мансубанд. Махсусан минётурҳои «Хамса»-и Низомӣ аз ҷиҳати гуногунии мавзӯъ, рангораигии тасвир, услуби нигориши воқеот қобили қайданд (минётурҳои «Нишон додани Шопур акси Ширинро ба Хусрав», «Ҳунарнамоии Борбад дар ҳузури Хусрави Парвиз»). Ин асарҳо дар Китобхонаи оммавии Ленинград ба номи Салтыков-Щедрин ва Китобхонаи Британия (Лондон) маҳфузанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …