Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИРЗОАЛӢ

МИРЗОАЛӢ

mirzoaliМИРЗОАЛӢ, деҳа, маркази С. қ. Саричашмаи райони Москва, вилояти Кӯлоб. Tepp. совхози ба номи Ф. Э. Дзержинский. Аз Мирзоатӣ то маркази район 82 км. Аҳолиаш 1170 нафар (1981), тоҷикон. Мирзоатӣ мактаби ибтидоӣ, китобхона, хонаи маданият, шӯъбаи алоқа, кассаи амонатӣ, касалхона, дорухона, боғчаи бачаҳо, пуктаҳои хизмати маишӣ, цехи нонпазӣ, пункти қабули маҳсулоти хоҷагии қишлоқ фермаҳои гову бурдоқипарварӣ, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ магазин, ошхона дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, кирмакдорӣ ва чорводорӣ. Қисми заминҳо аз оби Саричашма обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …