«МИРЪОТ-УЛ-ОЛАМ» («Оинаи олам»), асари таърихии муаррихи дарбори Аврангзеб — Муҳаммад Бахтовархон (вафот 1684). «Миръот-ул-олам» аз ҳафт боб иборат буда, ба таърихи умумии давлатҳо оид аст. Бобҳои 1—3 таърихи давраи тоисломӣ, Хилофати араб, давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Ғуриён, Салҷуқиён, Қарахониён ва Хоразмшоҳиён, боби 4 таърихи Темур ва Темуриёнро дар бар гирифта, дар боби 5 оид ба реҷаи султонӣ ва хонӣ, инчунин таърихи 10-солаи салтанати Аврангзеб сухан меравад. «Миръот-ул-олам» инчунин доир ба олимон ва мутафаккироне, ки аз замони ҳукмронии Акбаршоҳ то давраи Аврангзеб дар Ҳиндустон ҳаёт ба cap бурдаанд, маълумоти мухтасар медиҳад. Онро соли 1832 сокини деҳаи Қаробоғ, тумани Шофиркоми Бухоро Абдулбоқӣ рӯйнавис кардааст. Нусхаи мукаммали «Миръот-ул-олам» дар захираи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон таҳти рақами 2097 маҳфуз аст.
Т. Шокиров.