Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МИНУСИНСК

МИНУСИНСК

minuinskМИНУСИНСК, шаҳрест дар кишвари Краснояри РСФСР. Стансияи роҳи оҳан, бандари соҳили рости дарёи Енисей. Аҳолиаш 54 ҳазор нафар (1978). Соҳаи асосии саноаташ — хӯрокворӣ (комбинати орд, фабрикаи макарон, заводҳои консерви сабзавот, пиво, ликёру арақ ва ғ.). Фабрикаҳои мебел, дӯзандагӣ, дастпӯшакдӯзӣ, техникумҳои механизацияи хоҷагии қишлоқ, омӯзишгоҳҳои маданию маърифатӣ, театри драма, музеи кишваршиносӣ дорад. В. И. Ленин солҳои бадарғагӣ (дар деҳаи Шушенск, 1897—1900) якчанд маротиба ба Минусинск рафта буд. Минусинск соли 1739 бунёд ёфта, аз соли 1822 — шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …