Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИНЦ Исаак Израилевич

МИНЦ Исаак Израилевич

minz-isaakМИНЦ Исаак Израилевич (тав. 3.2. деҳаи Кринички, ҳозира вилояти Днепропетровск), муаррихи советӣ, академики АФ СССР (1946; аъзо-корр. 1936), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1976). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1917. Солҳои Ҷанги гражданӣ (1918 —20) корманди сиёсии Армияи Сурх буд. Соли 1926 Институти профессураи сурхи Москваро хатм намуд. Мудири кафедраи таърихи СССР дар Институти фалсафа, адабиёт ва таърихи Москва (ИФАТМ) ва Университети давлатии Москва (1932—49), Мактаби олии партиявии назди КМ КПСС (1937-49), профессор АИЧ (1947-50), мудири кафедраи таърихи СССР дар Институти педагогии ба номи В. И. Ле­нини Москва (1950—72). Аз соли 1954 ходими калони илмии Институти таъри­хи СССР-и АФ СССР. Аз соли 1962 раиси Совети илмии АФ СССР оид ба проблемаи комплексии «Таърихи Революцияи Кабири Социалистии Ок­тябрь». Асарҳои асосиаш ба омӯзиши таърихи КПСС, Революциян Октябрь, Ҷанги гражданӣ (1918—20), таърихи ҷамъияти советӣ ва муносибатҳои байвалхалқӣ бахшида шудаанд. Минц яке аз муаллифони китоби «Таърихи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ» (1959), аъзои ҳайати таҳририяи таърихи бисьёрҷилдаи КПСС мебошад. Барои ҳамкорӣ дар таълифи китобҳои «Ҷанги гражданӣ дар ССОР» ва «Таърихи дипломатия» лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943, 1946), барои ҳамкорӣ дар таълифи китоби «Таъ­рихи Октябри Кабир» (% 1—3, 1967—73) лауреати Мукофоти лени­нӣ (1974) гардид. Бо 2 ордени Ле­нин, ордени Роволюцияи Октябрь, ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Великая Октябрьская социалис­тическая революция и прогресс челове­чества, М., 1067.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …