МИНТАҚАИ СУБАНТАРКТИКӢ, минтақаи географие дар Нимкураи ҷанубӣ, байни минтақаҳои мӯътадил (дар Шим.) ва антарктикӣ (дар т{.). Тамоми минтақа уқёнусӣ буда, байни 66—67° ва 58—60° а. ч- ҷойгир шудааст (ниг. ҳаритаи Минтақаҳо ва зонаҳои географии Замин, ч* 2-и ЭСТ, саҳ. 448-—449). Ба ин минтақа бадалшавии мавсимии массаи ҳаво (зимистон ҳавои антарктикӣ ва тобистон ҳавои арзҳои мӯътадил) хос аст. Ҳарорати миёнаи ҳавои зимистон аз — 5° С дар Шим. то — 15° С дар ҳарорати об аз —1,5 то 2° С. Тобистон ҳарорат обу ҳаво аз 0 то 2° С. Зимистон тамоми акватория бо яхҳои барфпӯши шинокунанда фаро гирифта мешавад; айсбергҳо бисьёранд. Зуд-зуд туман, тӯфон ва гирдбоди барфӣ ба амал меояд. Миқдори боришоти солона (асосан барф) 500 мм. Тобистон акватория аз ях тамом холӣ мешавад. Дар ҷазираҳои камшумори ин минтақа гулсанг, алаф ва буттаҳо мерӯянд. Минтақаи субалпӣ ноҳияи асосии шикори кит ба шумор меравад.