Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИНТАҚАҲОИ СУБТРОПИКӢ

МИНТАҚАҲОИ СУБТРОПИКӢ

mintakai-subtropikiМИНТАҚАҲОИ СУБТРОПИКӢ, минтақаҳои географии Заминро гӯ­янд, ки дар Нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубӣ, байни минтақаҳои тропикӣ ва мӯътадил, ҷойгир шудаанд (ниг. харитаи Минтақаҳо ва зонаҳои гео­графии Замин, ҷ 2, саҳ. 448—449). Ба ин мннтақаҳо пай дар ҳам ивазшавии режими иқлимӣ гоҳ тропикӣ (тобистон) ва гоҳ мӯътадил (зимистон) хос буда, ин ҳодиса ба циркуляцияи умумии атмосфера вобаста аст. Ҳарорати миёнаи мохонаи Минтақаҳои субтропикӣ то­бистон 20° С, зимистон 4° С меша­вад, аммо баъзан дар натиҷаи вуруди ҳавои Қутб ҳарорат то 10° С паст мефарояд. Микдори боришот дар ноҳияҳои наздиуқёнусӣ бештар буда, дар дарунтари материк торафт кам мешавад. Дар Минтақаҳои субтропикии дар як мате­рик се сектори асосӣ мавҷуд аст: сектори ғарбии наздиуқёнусӣ (ё баҳримиёназаминӣ), ки зимистонаш сербориш аст; секто­ри континентӣ, ки дар он тамоми сол боришоти кам мушоҳида карда мешавад; сектори шар­қии наздиуқёнусӣ (ё муссонӣ), ки тобистон боришот дар он фаровон аст. Барои сектори ғарбии наздиуқёнусӣ (субтропикии кам­нам) зонаи буттаю бешазорҳои дуруштбарги баҳримиёназаминии хо­каш ҷигарранг хос мебошад. Дар Нимкураи шимолӣ ин зона рӯ ба та­рафи Ҷанубу Шарқ аввал ба зонаи даштҳои субтропикии хокаш ҷигарии хокистартоб ва баъд рӯ ба тарафи Шарқ ба зонаҳои нимоиёбонҳо ва биёбонҳои субтропикии сектори континен­тии хокашон бӯри хокистартоб ва хокистарранг (субтропикии хушк) иваз мешавад. Дар Нимкураи ҷану­бӣ ба Минтақаҳои субтропикии секторҳои континенти даштҳои субтропикии хокашон ҷигарранги хокистартоб хосанд; Минтақаҳои субтропикии секторҳои шарқӣ (субтропикии сер­нам)-ро бешаҳои ҳамешасабз ва бе­шаҳои паҳнбарги хоки заминашон зард ва сурх фаро гирифтаанд. Минтақаҳои субтропикӣ дар ҳудуди СССР ба Минтақаҳои субтропикии сер­нам (соҳилҳои назди баҳри Сиёҳи Кав­каз ва пастии Колхида), Минтақаҳои субтропикии камнам (пастии Лангарон), Минтақаҳои субтропикии камнами баҳримиёназаминӣ (қисми шимоли соҳилҳои назди баҳри Сиёҳи Кавказу соҳили ҷануби Қрим) ва Минтақаҳои субтропикии хушк (водии Алазан, пастии Кураю Араке дар Закавказия, канорҳои ҷануби биёбонҳои Осиёи Миёна, водии Вахш) тақсим мешаванд. Олами ҳаёвоноти Минтақаҳои субтропикӣ омехта буда, чанд намуд ҳайвони минтақаҳои тропикӣ ва мӯътадилро дар бар мегирад. Оби уқёнус дар ҳудуди Минтақаҳои субтропикӣ нисбатан гарм (15— 16° С) ва шӯр аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …