Маълумоти охирин

МИКЕЛАНҶЕЛО

mikelanjeloМИКЕЛАНҶЕЛО Буонарроти (Micbelangelo Buonarroti, ё худ Микеланҷело ди Лодовико ди Лионардо ди Буонаррото Симони; 6. 3. 1475, Капрезе—18. 2. 1564, Рим), ҳайкалтарош, рассом, меъмор ва шоири италиявӣ. Яке аз бузургтарин намояндагони давраи Эҳё. Фаъолияти пурсамари эҷодиаш дар Рим ва Фло­ренция сурат гирифтааст. Ҳанӯз аз асарҳои аввалниаш (релъефҳои «Олиҳа дар назди зинапоя», «Муҳорибаи кентаврҳо», тақрибан 1490—92, Каса Буонарроти, Флоренция) ҷиҳатҳои умдаи эҷодиёти Микеланҷело— образҳои саршори драматизм ва ситояндаи тавоноиву зебоии инсон зоҳир гаштааст. Дар Рим Микеланҷело аз ёдгориҳои санъати атиқа илҳом гирифта, ҳайкали «Вакх» (1496—97, Музеи миллӣ, Флоренция)-ро меофарад. Асари машҳураш «Сӯгворӣ бар Масеҳо» (1498—1501, Калисои ҳазрати Пётр, Рим), ки рами беандозаи модари ҷавонро аз фавти фарзанд акс карда­аст, ба ҳамин давр тааллуқ дорад. Микеланҷело соли 1501 ба Флоренция баргашта, яке аз шоҳасарҳои худ ҳайкали Довуд (1501—04, Нигористони АР Флоренция) ва мусаввараи «Оилаи муқаддас» (ё худ «Олиҳа Дони», 1503—05, Уффиқи, Флоренция)-ро эҷод меку­над. Довуд тимсоли шуҷоат, қувваи беандоза ва иродаи мағлубнопазир буда, тавоноӣ ва иқтидори рӯҳи инсонро ситоиш мекунад. Соли 1505 Микеланҷелоро ба Рим даъват намуда, сохтани марқади папаро мефармоянд. Микеланҷело ба­рои ин марқад силсилаи муҷассамаҳо, аз он ҷумла, «Мӯсо» — таҷассуми иродаву матонати инсон (солҳои 1515—16, ибодатхонаи Сан-Пьетро ин Вииколи, Рим); «Ғуломи исьёнкарда» ва «Ғуломи фавтидаистода» — тазоди ду қувва, ду рӯҳия —яке ҷавони хушандому қавӣ, ки омодаи баркандани завлона аст, дигаре ҳам мардест барно, вале ҳақиру нотавон, дар банди ишкел (ҳар ду —1513— 16, Лувр, Париж)-ро офаридааст. Эҷодиёти минбаъдаи Микеланҷело, ки ба дав­раи авҷи реакцияи феодалӣ-католикӣ, аз байн рафта истодани демократияву истиқлолияти миллии Флоренция ва инқирози идеалҳои давраи Эҳё рост меояд, рӯҳияи фоҷиавӣ ва пессимистӣ мегирад. Азобу шиканҷаи рӯҳии $ дар ҳайкалҳои мақбараи Лоренцо ва Ҷулиано Ме­дичи (1520—34, ибодатхонаи Сан-Лoренцо, Флоренция) ва алалхусус дар фрескаи азими «Рӯзи маҳшар» (1536и—41, капеллан Сикст, Рим), «Чормех кардаии Пётр» ва «Таъвизи Павел» (1542—50, капеллаи Паолин, Вотикон), ки ба давраи охири эҷодиёташ тааллуқ доранд, хеле равшан инъикос ёфтаанд. Инчунин Микеланҷело дар болои ҳайкали «Сӯгворӣ бар Масеҳо» (барои марқади худ офарида, дертар шикастааст ва шогирдаш Т. Кальканьи шикастапораҳоро ҷамъ оварда, онро аз нав барқарор карда­аст; 1550—55 Калисои Санта-Мария дель Фьоре, Флоренция) ва ҳайкали нотамоми «Пьета Роиданини» (1555 —64, Музеи санъати қадима, Милан) заҳмат кашидааст. Дар интиҳои умраш асосан ба меъморӣ ва шеъргӯӣ машғул буд. Бештарини ашъораш бар вазни мадригал ва сонет эҷод шудаанд. Маҷмӯаи шеърҳои ӯ баъди фавташ с. 1623 ба табъ расидааст. Аз соли 1646 дар бунёди Ка­лисои Ҳазрати Пётр ва ансамбли меъмории майдони Капитолии Рим иштирок кардааст. Эҷодиёти Микеланҷело сар­шори ғояҳои давраи Эҳё буда, зебоӣ, тавоноӣ ва бузургии инсонро тараннум намудааст ва бо рӯҳи гуманистонааш тамаддуни умумибашариро зинае боло бардоштааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …