МЕЗОЗОЙ, эраи (гурӯҳи) мезозой (аз мезо… ва юн. zoe — ҳаёт), марҳилаи мобайнӣ дар инкишофи Замин — байни эраҳои палеозой ва кайнозой. 163 млн сол давом кард. Мезозойро соли 1841 геологи англис Н. Филиппе муқаррар намуд. Мезозой ба ме давра: триас, юра ва табошир тақсим мешавад. Ба ин эра ҳаракати пуравҷи пасту баланд ва ҷиндоршавии қишри Замин хос аст. Агар дар охирҳои палеозой қисмҳои азими аз сатҳи баҳр баланд ва бо системаи ӯҳҳои ҷиндор иҳота шудаи материкҳо масоҳати зиёдеро ишғол карда бошанд, бо фаро расидани эраи Мезозой фурунишинии онҳо якҷоя бо трансгрессияи баҳрҳо cap шуд. Дар давраи юра майдонҳои васеи платформаҳои қадим (дар Европаи Шарқи Ҳиндустон ва Америкаи Ҷанубӣ) эери оби баҳрҳо монданд. Дар ҳудуди Европаи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубу Ғapбӣ (фуружамидаҳои чуқур ба вуҷуд омаданд. Ин гуна фурӯхамидаҳо дар ҳудуди уқёнуси Ором низ пайдо шуданд. Баланд шудани материҳо танҳо дар охири давраи табошир cap шуд ва масоҳати баҳрҳо маҳдудтар гардид. Процессҳои кӯҳпайдошавӣ махсусан дар зонаҳои геосииклипалӣ равшантар зоҳир шуданд. Пастхамиҳои уқёнусҳои Атлантик ва Ҳинд ба вуҷуд омаданд, ташаккули пастхамиҳои уқ. Яхбастаи Шимолӣ оғоз ёфт. Ба таҳнишастҳои баҳрии триас ва юра табақаҳои гили сиёҳ аз варақсангҳои гилии қабатҳои регсангдошта хосаид. Дар аввалҳои табошир дар баҳрҳо таҳнишастҳои регсангу гилӣ ва дар лагунаҳо (мурдобаҳо)ҷинсҳои таҳшинии сурхранг ҷамъ мешуданд. Дар табошири боло таҳнишастҳои регсангу глауконитӣ ва ҷинсҳои карбонатӣ (оҳаксангҳо), махсусан фацияҳои бури нарм (хатиависӣ) бештар паҳн шуда буданд. Минтақаҳои иқлимии давраи табошир ба давраи ҳозира наздик бошанд ҳам, масоҳати зонаҳои тропикӣ ва иқлимашон мӯътадил васеътар буд. Дар Эраи Мезозой олами наботот таҷдид шуд ва майдонҳои зиёди материкҳо сабзапӯш гардиданд. Дар давраи триас, ки ҳанӯз минтақаҳои фарох ва иқлимашон хушки камнаботот вуҷуд доштанд, лучтухмҳо (сӯзанбаргҳо, беннеттитҳо ва ғ.) инкишоф ёфта буданд. Аз растаниҳои спорадор сархасҳо бештар мерӯиданд. Пайдоиши растаниҳои пӯшидатухм ба давраи табошир тааллуқ дорад ва онҳо то имрӯз боқӣ мондаанд. Дар охири эраи Мезозой дарахтони чинор, гор, тутанҷир, аз сӯзанбаргҳо санавбар, санавбар ва секвойя васеъ паҳн шуданд. Аз ҳайвонҳои бемӯҳраи обӣ махсусан нармбаданҳои сарпо (аммонитҳо, белемнитҳо) хеле афзуданд; нармбаданҳои баргакғалсама ва шикампоҳо, китфпойҳо, марҷонҳои шашпо ва ғ. низ буданд. Хазандаҳои азимҷусса (хушкигард — динозаврҳо; обӣ — ихтиозавру плезиозаврҳо; сусморҳои перрон — птерозаврҳо) ба авҷи аълои инкишоф расиданд. Моҳиҳои устухондор ҳам пайдо шуданд, ки онҳо аз ҷиҳати намуду шумора ва ғ. нисбат ба ҳамҷинсони худ бартарии зиёде доштанд. Ба таҳнишастҳои эраи Мезозой, ғайр аз конҳои ангиштсанг ва ангишти бӯр, инчунин конҳои нефт, маъдани оҳани таҳшинӣ, боксит, фосфорит, намаксанг ва ғ. мансубанд. Бо ҷинсҳои интрузивии ноҳияҳои чиндори минтақаи уқёнуси Ором конҳои тилло, нуқра, мис, сурб, рӯҳ ва қалъагӣ алоқаманданд, ҷинсҳои кӯҳии гурӯҳи Мезозой дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғapбӣ, Марказӣ ва Помир хеле паҳн шудаанд. Конҳои ангишти Тоҷикистон (Шӯроб, Фон-Яғноб, Киштуд-Заврон, Назарайлоқ ва ғ.) дар давраи юраи эраи Мезозой ба вуҷуд омадаанд. Бо таҳнишастҳои давраҳои юра ва табошир конҳои гази Шамбарӣ, Комсомол ва Қизилтумшук вобастаанд.
Ад.: Страхов Н. М., Основы исторической геологии, ч. 1—2, М.— Л., 1948; Геология СССР, т. 24 (Таджикская ССР). М., 1959; Левитес Я. М., Историческая геологии с основами палеонтологии и геологии СССР. М., 1970.