Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЗОНҲО

МЕЗОНҲО

mezonhoМЕЗОНҲО, як навъ зарраҳои элементарии ноустуворанд аз синфи адронҳо (зарраҳои элементарие, ки дар таъсири мутақобилаи зӯр иштирок мекунанд). Номи «Мезонҳо» (юн mesos — мобайнӣ) аз ҳамин бармеояд, ки массаи аввалин Мезонҳои кашфшуда — л-мезон ва к-мезон — қиматҳои мобайнии массаи протон ва электронро дошта нд. Мезонҳое, ки аввал ц-мезонҳо ном гирифта буданд, мансуби Мезонҳо нестанд ва аз сабаби нимсини доштанашон дар аксуттаъсири зӯр иштирок намекунанд. Минбаъд бисьёр Мезонҳои дигар (ба ном резонансҳои бозонӣ) кашф карда шу­данд, ки умри ниҳоят кӯтоҳ доранд ва дар айни ҳол массаи баъзеашон аз массаи протон зиёд аст. Мезонҳо ҳомилони қувваҳои ядроӣ мебошанд. Мезонҳо хусусан ҳангоми бархӯрди адронҳои баланданергия бештар тавлид меёбанд.

Мезонҳои нейтрал ва заряддор (дорои заряди электрии мусбат ё манфӣ),

аҷобаташон сифрӣ (мас., я-М;), ғайрисифрӣ (мас., Ar-М.) ва ғ. мавҷуданд. Мезонҳои синнашон изотропӣ (О,—, 1), мувофиқан синглетҳо, дублетҳо ва триплетҳои изотрбанро ташкил медиҳанд. Мувофиқи таснифоти ҳозиразамони зарраҳои элеменатарӣ Мезонҳои хосияташон қариб монанд (нисбат ба процессҳое, ки бо таъсири мутақобили зӯр ба амал меоянд) ба ном гурӯҳи «супермультинлетҳо»-ро ташкил медиҳанд, ки аз 8 то 10 зарра доранд. Ниг. Зарраҳои элементарӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …