MЕВA, бар, бор, самар, самара (truclus), узви растаниҳои пӯшидатухм, ки аз ғура ва диг. узиҳои гул ба вуҷуд омада, ба мақсади ташаккул, муҳофизат ва паҳншавии тухм хизмат мекунад. Мева пас аз бордоршавии гул (ғайр аз Меваҳои Партонокарпӣ, ниг. Партенокарпия) хосил мешавад. Шакл, андоза, ранги Меваҳо хеле гуногун аст.
Меваҳо одатан ду хел: ҳақиқӣ ва ғайриҳақиқӣ мешаванд. Меваҳои ҳақиқӣ аз ғуракҳои пайваст ва ғайриҳақиқӣ аз ғуракҳои пайвасту узвҳои дигари гул ташаккул меёбанд. Қисми берунии Мева аз мевапарда иборат аст, ки аз деворан ғурак инкишоф меёбад. Дар даруни Мева (яъно дар ҷавф, ковокии он) ва плацент тухм ҳосил мешавад. Мевапарда (перикарпий) аз бофтаҳои сермағзи пайваст ё аз бофтаҳои хушк таркиб ёфта, одатан аз се қабат иборат аст: беруни (экзокарпий), мобайнӣ (мезокарпий) ва дарунӣ (эндокарпий). Аммо чунин таснифот шартист, зеро баъзан мевапарда 2 м қабат хам дошта метавонад. Дар ташаккули мевапарда гул банд (гулҷоя), гулпӯш (косабарг, тоҷбарг), бехи гардбарг ва думчабарги гул низ иштирок мекунанд. Меваҳои ҳақиқӣ содда (аз як сутунча инкишоф ёфтааст) ва мураккаб (аз гинецейҳои апокарпии сершумор) мешаванд. Меваҳои содда мевапардаи хушк ё тар доранд. Меваҳои хушкро ба сертухм ё кушодашаванда (баргакмева, ғилофак, ғӯзахалтамева ва ғ.) ва кушодапашангида (дупарра, чормағз, дон, донак ва ғ.) ҷудо мекунанд.
Меваҳои тар сертухм (ғуҷуммеваҳо, себ, апор ва ғ.) ва яктухма (донак) мешаванд. Меваҳои мураккабро аз рӯи ному сохти Меваҳои содда (мас., баргакмеваи мураккаб, дон ё донаки мураккаб ва ғ.) муайян мекунанд.
Таснифоти нисбатан ҳозиразамони морфогенетикии Мева маҷмӯи аломатҳои сохти гинецей (маҷмӯи мевабаргҳо), хусусият ва дараҷаи иштироки узвҳои дигар (ғайригенецей)- ро дар ташаккули Мева, инчунин адад, ҷойгирӣ ва роҳҳои пайвастшавии мевабаргҳо, миқдор ва хусусияти пайвастии тухм ва ғ.-ро, ки дар шарҳи таҳаввули Мева муҳиманд, ба эътибор мегирад. Дар ҳамин асос с. 1948 олими советӣ А. Л. Тахтацян Меваҳоро ба гурӯҳҳои апокарпӣ (мас., марминҷон, тут, қулфунай, гелос, олу, шафтолу, санҷид, аҷалгиёҳ, листа, бодом, хурмо ва ғ.), ки аз сутунчаҳои попайваст инкишоф меёбанд ва ценокарпӣ (чойкоҳак, канакунҷид. савсан, булут, чормағз, анҷир, анор, ангур, нок, биҳӣ, афлесун, тарбуз, каду, харбуза, хашхош, офтобпараст, гандум ва ғ.), ки аз гинецейҳои пайвастабарг ба вуҷуд меоянд, ҷудо кардааст. Меваҳои ценокарин дар навбати худ си киприй, паракарий ва лизикарий мешаванд. Мева дар ҳаёти растанӣ аҳамияти бузург дошта, боиси муҳофизат ва паҳн шудани он мегардад. Минапарда Меваро то пухтан аз хушкидан, таъсироти механикӣ, аз xӯрдани ҳайвонот (дар ин давра дар он моддаҳои заҳрнок, туршӣ ва ғ, ғун гашта, баъди пухта расидани Мева нест мешавад) эмин медорад. Mевапардаи Меваҳои кушоданашаванда тухми расидаро аз сабзиши бармаҳал ва хурдани ҳайвонот муҳофизат менамояд. Меваю тухм бо ёрии шамол, об, ҳайвонот ва одам паҳн мешавад. Баъзе Меваҳо барои бо ёрии шамол паҳн шудан (анемохория) худро мувофиқ кардаанд (мас., парра, қанотак, тоҷмӯяк, столодийи пармонанд ва ғ. доранд). Дар мевапардаи Меваҳои бо об паҳншаванда (гидрохоранда) инкишофи бофтаи ҳавогир, ҷавфи ҳавонигоҳдоранда мушоҳида мешавад. Баъзе Меваҳо ҳар гуна чангакхор, мӯякхор часпак ва ғ. доранд, ки ба пашми ҳайвонот ва либоси одамон мечаспанд. Баъзе Меваҳоро мурча (мирмекохория) ва паррандаҳо (орнитохория) ё ҳайвонҳои дигар (зоохория) паҳн мекунанд. Меваҳо бо тухмӣ, пору, олоти хоҷагии қишлоқ ва нақлиёт низ паҳн мешаванд.
Мева дар хоҷагии халқ аҳамияти калон дорад. Меваи хурданбоби растаниҳои худрӯй ва мазрӯъ тухмдор (себ, муруд, пок, биҳӣ), донакдор (зардолу, шафтолу, олу, олуболу. Олуча, гелос ва ғ.), цитрусӣ (лиму, афлесун, норинҷ ва ғ.), субтропикию тропикӣ (анор, анҷир, анбах, ананас, муз, авокадо) ва ғуҷуммева (цот, ангур, бектошӣ, шаҳтути заминӣ, қулфунай ва ғ.) мешавад. Ба истеҳсоли меваҷоти хурдани соҳаи боғдорӣ машғул аст. Мева ба миқдори зиёди моддаҳои ғизоӣ (сафеда, равған, ангиштоб, витамин, моддаҳои минералӣ ва ғ.) дошта, ҷузъи ҳатмии xӯрокворӣ ва яке аз манбаъҳои ангиштоби ҳозим аст. Меваҳои тухмдор бештар фруктоза, донакдор бошад, глюкозаю сахароза доранд. Мева сервитамин аст. Мас., дар Меваҳои цитрусӣ 50—90 мг% витамин ҷамъ мешавад. Меваҷот концентрати табиии витаминҳост. Мас., дар настаран то 1500 мг% витамини С ва 5 мг% каротин (оровитамини А), сиёҳкот то 400 мг% витамини С ғун мешавад. Мувофиқи маълумоти Институти ғизои АИТ СССР нормаи солонаи истеъмоли Мева барои як кас 106 кг аст. Моддаҳои фаъоли биологии таркиби Мева дар процесси ҳозима ва метаболизм роли муҳим мебозанд. Як зумра Меваҳоро дар тиб бо мақсади табобатӣ ва чун ғизои парҳезӣ ба кор мебаранд. Бисёр Меваҳоро муддати дароз (махсусан себ, нок, ангур, лиму, афлесун, норинҷ ва ғ.) тару тоза нигоҳ доштан мумкин аст. Меваро мехушконанд; мураббо, компот, чем, повидло ва ғ. тайёр мекунанд. Илми мевашиносиро карпология меноманд.
Тасвир дар саҳ. 492—193.
Ад.: Кадви Н. Н., Генетическая классификации плодов, «Вест. МГУ», 1947, М 12; Тахтаджяи А. Л., Морфологическая эволюция покрытосеменных, М.—Л., 1048; ҳамон муалл., Основы эволюционной морфологии покрытосеменных, М.—Л., 1064; Левина Р. В., Способы распространения плодов и семя, М., 1057 ҳамон муалл., Плоды, Саратов, 1097; Широков В. П., Технология хранения и переработки плодов и овощей, М.. 1070.
М. Ҳоҷиматов.