Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАЛЛУРГИЯИ РАНГА

МЕТАЛЛУРГИЯИ РАНГА

metalurgiyai-rangaМЕТАЛЛУРГИЯИ РАНГА, як соҳаи муҳими саноати вазнин буда, процессҳои ҳосил ва бойгардонии маъдан, истеҳсолу коркарди металлхои ранга ва хӯлаи онҳо, инчунин ҳосил кардани алмосро дар бар мегирад. Металлургияи Ранга дар баробари истеҳсоли металлҳо ва хӯлаи онҳо маҳсулоти прокату машанавӣ, хӯлаҳои сахт, хокаи металлхо, намакҳо ва пайвастҳои гуногуни металлҳои ранга, металлҳои нодиру асил, химикатҳо низ ҳосил мекунад. Металлҳои ранга ва хӯлаи онҳо дар саноати мошинсозӣ, тайёр намудани асбобҳо, саноати электрикӣ, радиотехникӣ, электроника, техникаи атомӣ, дар биологияю тиб аҳамияти калон доранд. Истифодаи васеи металлҳои ранга махсусан дар асри 20 боиси тараққии босуръати Металлургияи Ранга гардид. Дар маъдани металлҳои ранга одатан миқдори металли асосӣ ниҳоят кам аст. Танҳо маъдани алюминий, магний ва титан 10—30% металл дорад. Хусусияти хоси маъдани металлҳои ранга дар он аст, ки ба ғайр аз металлҳои асосӣ (мас., мис ё сурб) металлҳои рангаи диг. низ дорад. Маъданро вобаста ба хусусият ва шароити ҷойгирӣ бо усулҳои кушод, зеризаминӣ, гидравликӣ ва бо ёрии мошинҳои хокканӣ ҳосил мекунаид. Маъданро баъди кандан бо усулҳои флотационӣ, гравитационӣ, электромагнитӣ, электростатикӣ, химиявӣ ва ғ. аз металлҳои асосӣ бой мегардонанд. То Револятситяи Октябрь Металлургияи Ранга дар Россия хеле суст тараққӣ мекард ва захираҳои ашёи хоми он танҳо дар якчанд район маълум буд. Муассисаҳои истеҳсоли маъданӣ металлҳои ранга ва коркарди онҳо асосан тобеи капитали хориҷӣ буд. Қисми зиёди маҳсулоти Металлургияи Рангаро Россия аз хориҷа мегирифт. Солҳои Ҳокимияти Советӣ дар аксарияти районҳои СССР, аз ҷумла дар Тоҷикистон, конҳои бисёри металлҳои ранга тадқиқ шуда, ҳамаи соҳаҳои Металлургияи Ранга босуръат пеш рафт. СССР аз ҷиҳати аахиран ашёи хоми мис, сурб, руд, алюминий, қалъагӣ, волфрам, молибден, сурма ва симоб дар ҷаҳон ҳоло ҷои намоёнро ишғол мекунад. Конҳи асосии мис дар РСФСР, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Арманистон, сурб ва рӯҳ дар Қазоқистон, республикаҳои Осиёи Миёна, Сибир ва Шарқи Дур, ашёи хоми алюминий (бокситҳо) дар РСФСР, РССУ, РСС Қазоқистон, маъдани нефелин дар кишвари Красноярск, нимҷаз. Кольск, дар РССУ., РСС Қазоқистон, РСС Озарбоёҷон, маъданҳои никелу кобалт дар Урал, Қазоқистон, Украина, конҳои қалъагӣ дар районҳои шарқӣ ва шим. Шарқии мамлакатамон, молибден дар Кавкази Шимолӣ, Закавказия, Сибири Ғарбӣ, РСС Қазоқистон., симоб дар РССУ, РСС Қирғизистон, дар шим. ғарбии РСФСР, Украина ва РСС Қазоқистон воқеъ гаштаанд. Инчунин конҳои бисёри тилло ва металлҳои нодир кашф шудаанд. Саноати Металлургияи Ранга, ки дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва ҷанги гражданӣ хароб шуда буд, барқарор гардида, босуръат тараққӣ кард. Дар охири панҷсолаи 2-юм (1937) мисгудозӣ дар СССР нисбат ба соли 1913 3,5 маротиба афзуд, истсҳсоли махсусан сурб, рӯҳ зиёд шуд. Соҳаҳои нави алюминий, никел, қалъагӣ, истеҳсоли металлҳои нодир ба вуҷуд омаданд. Сорли 1932 аввалин заводи алюминии Волхово, 1937 заводи Днепровск (Запорожия) ва аввалин заводи никели Уфалйск (дар Урал) ба кор даромад. Ҳанӯз солҳои 5-солаи 1-ум заводҳои мисгудозии Красноуральск, Белово (Сибири Ғарбӣ), заводи рӯҳ дар Константиновск (РССУ) ва ғ. сохта шуданд. Солҳои минбаъдаи панҷсолаҳои пеш аз ҷанг муассисаҳои зиёди Металлургияи Ранга, аз ҷумла заводҳои мисгудозии Карсакпанск ва Балхаш, заводи сурб дар Чимкента Қазоқистон, як қатор заводҳои мисгудозӣ ва заводҳои дигар (алюминий, рӯҳ, комб. «Южио-урал-никель») дар Урал, Сибирь ва Шимол («Североникель»), Кавкази Шимолӣ,. Украина ва дигар районҳои мамлакат сохта шуданд. Дар солҳои баъди ҷанг Металлургияи Ранга босуръат тараққӣ кард. Соли 1950 истеҳсоли мис, алюминий, никел, рӯҳ, сурб ва дигар металлҳои ранга нисбат ба солҳои пеш аз ҷанг хеле афзуд. Саноатн титан ва нимноқил ба вуҷуд омад. Металлургияи мис никелу кобалт, рӯҳу сурб, алюминий, қалъагӣ, волфраму молибден, тиллою платина, алмос, магний, симобу суома, металлҳои нодир ва ғ. тараққӣ кард. Як қатор муассисаҳои калону нав, мас., комб. никелу миси Норильск, заводхои қалъагии Новосибирск, алюминии Богословск, Новокузнецк (вил. Кемерово), комб. рӯҳу сурби Усть-Каменогорск ва ғ. сохта шуданд. Соли 1960 маҳсулоти умумии Металлургияи Рангаи Иттифоқи Советӣ нисбат ба 1950 хеле афзуд. Дар Ёқутистон яке аз калонтарин дар ҷаҳон маркази истеҳсоли алмос ҳаст. Солҳои 1966—75 ҳаҷми истеҳсоли металлҳои ранга ду маротиба зиёд шуд. Структураи маҳсулоти саноати металлҳои нодир хеле васеъ шуда, истеҳсоли металлҳои нодир ва элементҳои махсусан холис (кадмий, индий, селений, теллур, висмут, рений, германий, галий ва ғ.) аз худ карда шуд. Солҳои 70 аз 105 элементҳои химиявӣ 74-тоашро дар маҳсулоти тайёр ва нимфабрикатҳо истифода мебаранд. Инкишофи истеҳсоли металлҳои ранга интенсивонии процессҳои технологӣ, азнавсозӣ ва аз нав таҷҳизонии муассисаҳо ва ба истифода додани қувваҳои навро таъмин менамояд. Комплексҳои калони саноатии дорои дараҷаи баланди концентрация ва махсусгардонии истеҳсолот (комб-ҳои рӯҳу сурби Усть-Каменогорск, комбинатҳои кӯҳию металлургии Норильск, Олмалик, Незказган, Балхаш) ба вуҷуд омаданд. Ҳосилнокии меҳнат солҳои 1966—75 қариб 2 маротиба афзуд.

Металлургияи Рангаи Тоҷикистон асосан муассисахои муштараки цикли нотамоми металлургӣ ва концентратҳои коркардабарориро муттаҳид менамояд. Як қатор фабрикаҳои бойгардонии маъдан, муассисаҳои ҷустуҷӯю эксплуатацнонии «Тоҷикзолото» ва з-ди гидрометаллургии Исфара мавҷуданд. Дар РСС Тоҷикистон фабрикаҳои коркардабарории рӯҳу cyрб, мису молибден, волфрам, симобу сурма ва маъдани флюоритӣ кор мекунанд. Маҳсулоти истеҳсол шударо ба з-дҳои металлургӣ мефиристанд, ба ғайр аз металлҳои асосӣ, ничунин элемеитҳои нодир ва пароканда низ ҳосил менамянд. Заводи гидрометаллургии Исфара концентратҳои целистийро бе бойгардонии пешакӣ ҳосил мекунад. Фабрикаҳои истеҳсоли волфрам ва сурма, управленияҳои маъданӣ Чоруқарон (1942), Челав (1945), кони Майхура (1943) ва комб. Анзоб (1945) асосан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сохта шудаанд. Нишондиҳандаҳои технологии аз маъдан ҷудо кардани компонентҳои гаронбаҳо баробари муассисаҳои пешқадами Иттифоқи Советӣ мебошад. Дар фабрикаи Чоруқдарон флотацияи мис, молибден, волфрам ба амал бароварда мешавад. Дар ин ҷо усули аввалин бор дар СССР коркардашудаи ишқоронии маҳсулоти мобайнӣ бо кислотаву сода истифода мешавад, ки дар натиҷа баробари концентратҳои аълосифат молибдат, волфрамати калций, сулфати барий низ мегиранд. Комб. куник Анзоб яке аз калонтарин муассисаҳои мамлакат оид ба коркарди маъданҳои симобу сурма мебошад. Истеҳсоли рӯҳ, сурб, мис, висмут дар республика аз ҳисоби васеъ намудани кори з-ди сурбу рӯҳи Адрасмон зиёд карда мешавад, ки базаи ашёи хоми он кони шарқи Конимансур мебошад. Саноати истеҳсоли тилло ба корхонаҳои «Тоҷикзолото» вобаста аст. Дар он ба таври автоматӣ аз маъданҳои кварцӣ маҳсулоти тиллодор ва аз он минбаъд тилло мегиранд. Соли 1972 дар республика бори аввал бо усули драга (мошини хокканӣ) ҷудо кардани тилло cap шуд. Аз соли 1969 истеҳсоли симоб бо роҳи сӯзондани маъданҳои симоб дар кураҳои мудаввари чархӣ инкишоф меёбад. Истифодаи саноатии ашёи хоми магний конҳои Тоҷикистон бо мақсади истеҳсоли металли магний дар заводи электрохимиявии Ёвон амалӣ мегардид. Дар Тоҷикистон заводи алюминиий Тоҷикистон (ш. Турсунзода) пурра ба кор даромад. Завод технологияи истеҳсоли алюминийро дар асоси комёбиҳои навини илму техника ба роҳ мондааст.

Ад.: Беляев А. И., Металлургия легких металлов. М., 1070; Савицкий Б. М., Клячно В., Металлы космической эры, М., 1972; 3еликман А. Н., Меерсон Т. А., Металлургия редких металлов, М., 1973.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …