МЕТАЛЛШИНОСӢ, илмест, ки вобастагии байнии таркиб, сохти дохилӣ ва хосиятҳои металлу хӯлаҳо, инчунин қонуниятҳои тағйирёбии хосиятҳои онҳоро ҳангоми таъсироти ҳароратӣ, механикӣ, физикию химиявӣ ва ғ. меомӯзад, Металлшносӣ барои ҷустуҷӯҳои илмии таркиб, усулҳои тайёркунӣ ва коркарди масолеҳи металлии хосиятҳои механикӣ, физикӣ ва химиявиашон гуногун асоси илмӣ мебошад. Ҳосил кардани хӯлаҳои металлӣ (мас., биринуй), инчунин бо роҳи обутоб зиёд кардани сахтӣ ва мустаҳкамии пӯлод ба одамони давраи қадим ҳам маълум буд. Аммо Металлшносӣ ҳамчун илми мустақил а. 19 (аввал бо номи металлография) ташаккул ёфт. Сабабгори ин, пеш аз ҳама, талаботи техника мебошад. Металлурги рус П. П. Аносов усули тайёр кардани булатро кор карда, аввалин бор дар ҷаҳон барои тадқиқи сохти дохилии пӯлод аз микроскоп истифода бурд. Асоси илмии Металлшносиро олими рус Д. К. Чернов ба вуҷуд овард. Дар инкишофи минбаъдаи Металлшносӣ саҳми олимони ватанамон И. И. Беляев, В. П. Ижевский, С. Л. Вологдин, Н. В. Гутовский, А. А. Байков, Н. П. Чижевский, А. М. Бочвар, С. С. Штейнберг, Н. Я. Селяков, Н. Т. Гудцов, Г. В. Курдюмов, Н. А. Минкевич, Н. Ф. Болховитинов, А. П. Гуляев ва ғ., олимони мамлакатҳои хориҷа Ф. Осмонд, Р. Аустен, А. Ле-Шателье, Э. Бенн, Г. Ганнеман, Ф. Вефер, Г. Эссер, Р. Мел ва диг. бузург аст.
Металлшносиро шартан ба қисмҳои назариявӣ ва амалӣ (техникӣ) ҷудо кардан мумкии аст. Дар Металлшносии назариявӣ қонуниятҳои умумии сохти дохилӣ ва процессҳои дар металлҳову хӯлаҳо ҳангоми таъсироти гуногун ба амалоянда муоина карда мешавад. Фаслҳои асосии Металлшносии назариявӣ инҳоанд: назарияи ҳолати металлӣ ва хосиятҳои физикии металлҳою хӯлаҳо, кристаллбандӣ, мувозинатҳои фазавӣ дар металлҳову хӯлаҳо, диффузия дар металлҳову хӯлаҳо, табдилоти фазавӣ дар ҳолати сахтӣ, назарияи физикии процессҳои деформацияи пластикӣ, мустаҳкамшавӣ, вайроншавӣ ва рекристаллизация. Мундариҷаи Металлшносии назариявӣ то андозае бо металлофизика алоқаманд мебошад. Металлшносии амалӣ асосҳои процессҳои технологии коркарди металлҳо (коркарди термрехтагарӣ, коркарди тазйицӣ ва ғ.) ва гурӯҳҳои конкретии масолеҳи металлиро меомӯзад. Мундариҷаи Металлшносии амалиро омӯхтани таркиб, сохти дохилӣ (структура), процессҳои коркард ва хосиятҳои синфҳои конкретии гуногуни масолеҳи металлӣ (мас., хӯлаҳои оҳану карбондор, пӯлоди конструкционӣ, пӯлоди зангногир, хӯлаҳои оташтобовар, хӯлаҳои алюминий, хӯлаҳои металлусафолӣ ва ғ.) ташкил медиҳанд. Вобаста ба инкишофи соҳаҳои нави техника зарурати омӯхтани вазъи металлҳову хӯлаҳо ҳангоми таъсири радиационӣ, ҳароратҳои хеле паст, фишорҳои баланд ва ғ. ба миён омад.
Ад.: Пикунов М. В., Деспири А. И., Металловедение. М., 1980; Гуляев А. П., Металловедение, М., 1977.